Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин президенти Русия, имрӯз дар як суҳбати телефонӣ ҳамдигарро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтаанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбъ Эмомалӣ Раҳмон “ба мардуми дӯсти Русия дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу намуд”.

Дар иттилоияи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин омадааст.

“Қайд карда шуд, ки ҷонибҳо, сарфи назар аз мушкилоти соли равони вобаста ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки як силсила чорабиниҳои барои кишварҳои худ муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумроссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистонро муваффақона анҷом диҳанд. Дар ин зимн ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ду кишвар мебошанд, қайд карда шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат изҳори боварӣ кардааст, ки “саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.