Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз, 15 март дар Хуҷанд намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд Омурбек Суваналиевро ба ҳузур мепазирад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.
Ҷонибҳо масоили ифтитоҳи гузаргоҳҳои “Кулунду” ва “Кайрагач” дар ноҳияи Лайлаки Боткандро, ки бар асари пандемияи COVID-19 баста шуда буданд, баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, қарори ифтитоҳи гузарогоҳҳои мазкур дар вохӯрии раисони КДАМ Тоҷикистону Қирғизистон ба таври ниҳоӣ ҳаллу фасл мешавад.
“Ба гумони ғолиб, гузаргоҳҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз боз мешаванд”, - иброз дошт манбаъ.
Ҳукумати Қирғизистон 20 майи соли гузашта ба равуо дар гузаргоҳи «Кулунду-автодорожный» ва «Кайрагач-автодорожный» дар қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муваққатан маҳдудият ҷорӣ кард.
Маҳдудияти муваққатӣ барои равуо ҳам барои мардум ва ҳам воситаҳои нақлиёту ҳайвонот ва чорво ҷорӣ шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Трамп объявил о начале переговоров по завершению российско-украинской войны
Сенсации не случилось. Таджикистанцы остались без наград на Азиатских играх-2025 в Китае
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 февраля 2025 года
7 причин детской лжи и как с ними бороться
Глава МИД Казахстана: «Таджикистан – наш стратегический партнёр и союзник в Центральной Азии»
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
ОАО «Коммерцбанк Таджикистана» выпустил первые карты VISA Platinum и VISA Gold
Долг ТАЛКО вырос почти на 220 миллионов сомони
Ирина Винер ушла с поста главного тренера сборной РФ по художественной гимнастике
Парламент Армении одобрил начало процесса вступления в ЕС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста