Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, ки Тоҷикистон мухолифи пазируфтани Ҷумҳурии исломии Эрон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нест, аммо ҷониби Эрон марҳилаҳои лозимро барои узви созмон шудан, пушти сар накардааст,-гуфт ӯ.
Сироҷиддин Муҳриддин, имрӯз дар нишасти хабарӣ, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки барои узви СҲШ шудан кишвари дархостдиҳанда бояд, чор марҳиларо пушти сар кунад. Аммо агар Эрон ба таври тавофуқӣ ё иҷмои ҳамаи кишварҳои узв (консесус) пазируфта шавад, Тоҷикистон мухолиф нест. Вале то ин ҷойи кор, чунин иҷомое набуд ва сурат нагирифтааст, гуфт вазири хориҷа.
Аммо Сироҷиддин Муҳриддин нагуфт, ки дар нишасти Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе, рӯзи 14-уми июл масъалаи узвияти Эрон баррасӣ шудааст ё не.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории расмии Русия- ТАСС рӯзи 14-уми июл хабар дод, ки ҳайати дипломатии Русия дар Душанбе, дар Шӯрои вазирони хориҷа, даъват кардааст, ки дархости Теҳрон барои узвият дар СҲШ мусбат баррасӣ шавад.
Ин хабари ТАСС дар расонаҳои эронӣ бознашри густарда дошт ва дар доираҳои коршиносиву расонаии Эрон ин мавзуъро тарҳ кард, ки Тоҷикистон ҳамоно мухолифи узвияти Эрон дар ин созмон аст.
Пештар аз ин, дар солҳои 2016 ва 2017 хабарҳое нашр шуда буд, ки Тоҷикистон бо пазируфтани Эрон ба узвият дар ин созмон мухолифат кардааст.
Эрон дар соли 2008 дархости узвият ба СҲШ-ро додааст, ки то кунун мақоми нозирро дар ин созмон дорад. Ин дар ҳолест, ки Ҳинду Покистон дар соли 2014 раванди узв шудан ба СҲШ-ро оғоз карданд ва дар соли 2017 пазируфта шуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар мавриди шуруъи раванди ба узвият пазируфтани Эрон ба СҲШ ҳаминро гуфтаниям, ки дар 4 соли ахир ин мавзуъ дар рӯзномаи СҲШ баррасӣ нашудааст. Ин як мавзуест, ки механизмҳои худро дорад. То он ки масъалаи ба узвият пазируфтан дар нишасти сарони кишварҳо баррасӣ шавад, бояд марҳилаҳои ибтидоиро гузарад.
"Масъалаи узвият, нахуст бояд бо иттифоқи орои ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узв ҳосил шавад, баъдан бояд Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо ин мувофиқат кунад ва баъдан бояд қарори Шӯрои сарони кишварҳо қабул шавад",-гуфт Муҳриддин.
Баъдан, - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, - баъди қарори мусбати сарони кишварҳо, қадами дигар оғоз мешавад, ки ин ҳамкории худи ҳамон кишвари дархостдиҳанда бо кишварҳои узв, барои омода кардани лоиҳаи меморандум мебошад. Қадами сеюм гузориш додани кишвари дархостдиҳанда барои иҷроӣ кардани ҳамаи масъулиятҳо мебошад. Қадами ниҳоӣ, ин аст, ки кишварҳои узв раванди иҷроӣ шудани масъулиятҳои дар меморандум пешбинишударо ба назар мегиранд ва тасмимгирӣ хоҳанд кард. Яъне раванди чандсола аст, ки Эрон ин мароҳилро пушти сар накардааст,-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки вақтҳои ахир дар расонаҳои минтақавӣ андешае матраҳ мешавад, ки дар назар аст дар иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, дар миёнаҳои сентябри имсол, Эрон ба узвияти ин созмон пазируфта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Таджикистан вслед за другими странами ЦА прекратил обслуживание карт UnionPay Газпромбанка
ООН: Каждые 10 минут в мире от рук партнера погибает женщина
Китай становится главным импортёром Таджикистана?
«Они не считали нас людьми». Депортированный таджикистанец рассказал, почему больше не поедет в Россию
Душанбинская милиция предупредила о росте мошенничества на платформах частных объявлений
В Душанбе состоятся два Вечера киномузыки Болливуда
Как остановить домашнее насилие в отношении женщин?
С кем сразится непобедимый таджикский боец Наботов в борьбе за контракт с UFC?
В Таджикистане выберут «Лучшего супруга»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста