Аз 24 то 29 август дар Душанбе дар доираи кори Комиссияи аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ ва оид ба хатти аломатгузории лоиҳавӣ, инчунин гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти марзӣ табодули назар мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, Душанбе ва Тошканд ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.
Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расиданд.
Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши марз ба мувофиқа расида, акнун дар натиҷаи аломатгузорӣ дар харитаҳо хатти дақиқи сарҳади байни давлатҳо ишора мешавад.
Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Вдохновляющая красота Таджикистана: 7 причин посетить эту страну
Таджикистан нарастил импорт древесины. Крупнейший поставщик — Россия
Эмомали Рахмон: «Мир и доверие — ключ к решению глобальных угроз и развитию»
Яркая, чувственная Saya Musa на Tarona Music Award 2025!
Какие футбольные клубы в Таджикистане самые популярные?
В Узбекистане осудили преступную группу, торговавшую человеческими органами
Когда виртуальное становится реальным: в Таджикистане обсудили вопрос защиты девочек от гендерного насилия в Интернете
Леса уходят, и природные катастрофы в Таджикистане становятся ближе
«Эсхата Банк» стал лауреатом награды Европейского банка реконструкции и развития
В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста