Муҳаммад Зоҳири Ағбар сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи сафорат дар Душанбе, ҳимояташро аз Амруллоҳ Солеҳ ба унвони сарпарасти раёсати ҷумҳурии кишвараш эълон кард. Ҳамчунин бо дастури сафир акси Ашраф Ғанӣ аз сафорат канда ва ба ҷойи ӯ акси Амруллоҳ Солеҳ насб шуд.
Сафири Афғонистон дар суханронияш гуфт, ки "бо пайравӣ аз Қонуни Асосии кишвар, дар набуд, фирор ё марги раисҷумҳур, муовини аввал уҳдадори умури мамлакат мешавад, ки феълан ҷаноби Амруллоҳ Солеҳ, расман сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ мебошад".
Худи Амруллоҳ Солеҳ як рӯз пеш дар саҳфаи Твиттераш эълон буд, ки бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати набудани президент, фирор ё маргаш, ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти курсии раиси ҷумҳурии Афғонистон мебошад. Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август, қабл аз расидани "Толибон" ба Кобул аз Афғонистон фирор кард ва маълум нест, ки дар куҷост.
"Дар зимн, тибқи муоҳидоти ҷаҳонӣ, намояндаи расмии мо дар Созмони милал барҳол буда ва парчами Афғонистон ба унвони ҳувияти миллии кишвар дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба эҳтизоз аст ва аз тамоми намояндагиҳои сиёсии давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон тақозо дорам, ки парчами миллии Афғонистонро собит ва барафрошта нигоҳ доранд",-гуфт Ағбар.
Толибон то кунун ба иддаои Амруллоҳ Солеҳ посух надодаанд, дар ҳоле ки баъзе аз вазирони худро таъин карданд ва дар сатҳи вилоятҳо низ волиён ё раисони ивлоятҳояшонро таъин мекунанд.
Сафири Афғонистон дар ин нишасти хабарӣ дар Душанбе фирори Ашраф Ғаниро "хиёнат ба давлату миллат" номид ва иддао кард, ки "ӯ 169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст".
Сафири Афғонистон дар поёни ин нишасти хабарӣ дастур дод, ки аксҳои раисҷумҳури фирорӣ пойин оварда ва акси муовини нахусти раёсатҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ дар канори акси Қаҳрамони милии Афғонистон - Аҳмадшоҳ Масъуд насб карда шавад.
Дар ин нишасти Ағбар гуфт, ки аз пулиси байналмилалӣ ё Интерпол мехоҳад, ки дуздони сармояҳои миллии мардуми Афғонистон - Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғаниро дастгир ва ба додгоҳи байналмилалӣ бисупоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста