Душанбе изҳор дошт, ки дар давоми 20 сол ба Тоҷикистон ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 1 сентябр бо роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди дидору гуфтушунид кард.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон, роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо табодули афкор намуданд.
Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки танҳо дар 15 соли охир Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор гурезаҳои афғонро қабул намуда, инчунин баъди аз ҷониби толибон тасарруф гардидани Кобул, ҳудуди 5 ҳазор нафар низомиёни афғон сарҳади Тоҷикистонро убур карданд.
“Давоми як ҳафта онҳо дар Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта ба ватан баргардонида шуданд”, - иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи вазир, айни замон дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.
“Номуайянии қудрати сиёсӣ, надоштани назорати пурра аз болои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳолати бади башардӯстона дар ин кишвар эҳтимоли вуруди террористону силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро зиёд мекунад”, - изҳори нигаронӣ кард вазир.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ба ҳамсуҳбати худ хабар дод, ки бо мақсади сохтани лагерҳо ҷиҳати қабулу бо шароити мусоид таъмин кардани гурезаҳо Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва ВМКБ 70 га замин ҷудо кард.
Вазир таъкид дошт, ки давоми 20 сол ба Тоҷикистон ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст.
“Бинобар ин дар ҳудуди Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад”, - таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.
Ӯ ба UNHCR пешниҳод намуд, ки дар мадди аввал барои таъмиру таҷдиди «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда» дар ноҳияи Ҷайҳун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумак карда шавад.
Раҳимзода зикр кард, ки хадамоти дахлдори Тоҷикистон гурезаҳоро қабул, омӯзиш ва ба қайд мегирад, аз ташхиси коронивирус мегузаронад, бо онҳо сӯҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Генсек ОДКБ анонсировал принятие программы по обустройству таджикско-афганской границы
Уголовные дела за лайки. Изменится ли ситуация после критики президента?
Международный форум Digital Tajikistan собрал в Душанбе более 1000 делегатов
В Таджикистане археологи обнаружили уникальные артефакты на могильнике Шахидон
Ятимов и Ташиев встретились на севере Таджикистана. Договоренности не раскрыты
Минэнерго: 80% климатических изменений в Таджикистане связаны с водой
Илон Маск побил собственный рекорд и снова стал богатейшим человеком в истории
Глава СПЧ РФ призвал власти не допускать маргинализации детей мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста