Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябр бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд, хабар медиҳад Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст.
Дар натиҷаи мулоқот имзои Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши равобити дуҷониба ва бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Бино ба маълуомти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, президенти Эрон рӯзи 17 сентябр дар Душанбе бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе 17 сентябр сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ қарор қабул кунанд. Бино ба даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16-17 сентябр сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Гуфта мешавад, дар чорчӯби сафари мазкур Сарвазири Покистон дар нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон дар ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур мулоқотҳои Сарвазири Покистон бо роҳбарияти олии кишвар доир гардида, бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Сарвазири Покистонро дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии он кишвар Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Зимнан дар доираи сафари мазкур нишасти чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как цифровая экосистема помогает финансовой инклюзии и поддержке предпринимательства в Таджикистане
«Ограбление и расправа». В Генпрокуратуре Таджикистана объяснили мотивы серийных убийств в Канибадаме
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Нарушающие эстетику решетки, главные должники в стране и 26 лет за нападение на муфтия
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 февраля 2025 года
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста