Имрӯз, 16 сентябр, дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) пушти дарҳои баста баргузор гардид. Бо вуҷуди он ки хабарнигорон ба баҳсҳои дохили ҷаласа роҳ наёфтанд, дафтари матбуотии кишварҳои узв дар бораи мушаххасоти ин нишаст хабарҳо нашр карданд. Маълум шуд, ки мавзӯи меҳварии ин ҷаласа вазъи Афғонистон будааст.
Зас: Баҳси асосӣ вазъи Афғонистон буд
Ин нуктаро дабири кулли СААД Станислав Зас ҳам дар изҳороти матбуотии имрӯза таъйид кард ва гуфт, яке аз масъалаҳои асосии имрӯза вазъи Афғонистон буд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қӯшунҳои низомии НАТО ба куллӣ тағйир ёфт.
- Ҳамлаи босуръати ҷунбиши «Толибон», таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои давлатӣ ва пойтахти он шаҳри Кобул, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастҷамъии СААД таъсири назаррас гузошта, моро ба ташвиши амиқ меорад, - гуфт Зас.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои СААД чораҳои амалии дастҷамъӣ таҳия кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъи сарҳад пешбинӣ шудаанд. Бо ин мақсад гуфт ӯ, ҳама кишварҳои узв ба созиш расиданд, ки нимаи дуввуми моҳи октябр дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқи муштараки низомӣ мегузаронанд.
Жапаров хостори муколима бо “Толибон” шудааст
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии раисиҷумҳури Қирғизистон менависад, ки Садир Жапаров зимни суханрониаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД гуфтааст, ки бо мақомоти нави Афғонистон бояд гуфтугӯ кард.
Ӯ зикр намудааст, ки бо ҷумҳурӣ “баррасии имкони ҳамкорӣ дар масъалаҳои гуногун барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар кишвар муҳим аст”.
Бо вуҷуди ин ӯ гуфтааст, таъсиси давлати динӣ дар Осиёи Марказӣ, бешубҳа ба вазъи кунунии кишварҳои узви ин созмон таъсири манфӣ мерасонад.
Мавсуф ҳамчунин, хостори коркарди механизми амал дар ҳолати ҳамлаи мусаллаҳонаи як кишвари узви ин созмон ба дигараш шудааст.
Дафтари матбуоти президенти Қирғизистн навиштааст Жапаров ҳамчунин, оид ба низои ахири марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар охири моҳи апрел ёдовар шуда гуфтааст, ки вазъи марзи давлатӣ ташвишовар боқӣ мемонад ва таваҷҷӯҳи аъзои дигари ин созмонро тақозо мекунад.
Ӯ гуфтааст, ки Қирғизистон “ҳамеша ҷонибдори ҳалли дипломатии баҳсҳо бо кишварҳои ҳамсоя мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон дар СААД аз Панҷшер гуфт
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фарқ аз Жапаров “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ)- ро танқид карда, онҳоро ба ваъдахилофӣ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар гунаҳкор намуд.
Ӯ давлати ташкилнамудаи “Толибонро“ як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат донист.
- Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин баробарии гендериро ба назар намегирад,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Номбурда дар идома аз он нигаронӣ намуд, ки “Толибон” дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. Ӯ гуфтааст, СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд.
- Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад. –гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон мушкили Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя, бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад.
- Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бидуни дахолати берунӣ муайян карда шавад. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад, - гуфт сардори давлати тоҷикон.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи дараи Панҷшер ёдоварӣ карда, гуфт, аҳвол дар онҷо бадтар аз он аст, ки дар расонаҳо менависанд.
- Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем, - афзуд ӯ.
Дараи Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон, ки ҳанӯз "Толибон" онро пурра тасарруф накардаанд. Ҳарчанд Толибон аз назорати пурра ба дараи Панҷшер хабар медиҳанд, вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд, даргирӣ ҳанӯз идома дорад.
Мавқеи Русия то ҳол норӯшан аст
Дар ҳаин ҳол, мавқеи Русия дар баҳси “шинохт”- и “Толибон” ҳанӯз пурра рӯшан нест. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар нишасти роҳбарони СПАД ба таври онлайн ширкат дошт, ба тарзи умумӣ аз хатарҳо гуфт ва кишварҳои узви созмонро даъват кард, ки барои ҳифзи субот дар қаламравҳои худ омода бошанд.
- Вазъият дар минтақаи масъулияти СААД ва сарҳадҳои берунии кишварҳои узв на танҳо ноустувор аст, балки мушкилоти воқеан шадиде ва хатарҳои амнияти кишварҳои моро ба миён меорад", - гуфт раҳбари Русия.
Вай инчунин аз хуруҷи шитобкоронаи ИМА аз Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа гуфта, зикр кард, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА бо ҳампаймонҳояш куллан вазъи Афғонистонро дигаргун кард.
Нишасти СААД, ки як созмони ҳарбӣ аст, дар шароите баргузор гардид, ки баъди ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон нигарониҳо аз ин кишвар бештар шудааст. Тоҷикистон аз камтарин кишварҳое аст, ки мавқеи худро дар баробари ин гурӯҳ равшан кард ва гуфт бо онҳо созиш нахоҳад кард.
Ловушка для Тамкин. Или почему женщины в Таджикистане должны за себя постоянно бороться?
Как оформить банковскую карту в Таджикистане, а забрать - в России
«Не победила, но гордо представила свой народ». Сабрина Зухурова о своём участии в конкурсе Miss CosmoWorld
Власти Узбекистана планируют трудоустроить в развитых странах свыше 200 тысяч узбекистанцев
Ряд населенных пунктов ГБАО получили статус села, а некоторые переименованы
Чартерные полеты внутри Таджикистана: подробности от «Таджик Эйр»
"Кубок Евразии": триумф самбистов Таджикистана
«Мы живем в самой большой стране мира, но нас мало». Песков объяснил, почему России нужны мигранты
В Душанбе открылась сеть автомоек самообслуживания: быстро, удобно, экологично
Международные аэропорты в Таджикистане обязали платить авиавластям 10 центов за каждого пассажира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста