Конгрессмени ИМА Майк Уолтс ва сенатор Линдсей Грэм, ки аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА намояндагӣ мекунанд, бо раҳбари ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон дар Афғонистон Аҳмад Масъуд сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора дар як изҳороти муштараки сиёсатмадорон, ки рӯзи чоршанбе дар торнамои Майк Уолтс нашр шудааст, маълумот дода мешавад.
"Гуфтугӯ бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Фронти миллии муқовимат дар Афғонистон ифтихори бузург буд. Аз суҳбат бо Аҳмад Масъуд хурсанд шудем, ки ӯ ба муқовимат бо бераҳмии Толибон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои заминавии инсон содиқ мемонад", - гуфта мешавад дар изҳороти конгрессмен.
Уолтс ва Грэм бар ин назаранд, ки, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ИМА набояд Толибонро эътироф кунанд, зеро "ҳукумати Толибон ва низомиёни онҳо аз “Ал-Қоида” (созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва дигар гурӯҳҳои террористӣ иборатанд".
"Мо аз маъмурияти Байден даъват мекунем, ки ба ҳама гуна талошҳо барои эътирофи Толибон ҳамчун ҳукумати Афғонистон ва ба ҳама даъватҳо барои намояндагии Толибон дар Созмони Милали Муттаҳид муқовимат кунад", - навиштаанд онҳо.
Моҳи август ин сиёсатмадорон аз президенти ИМА даъват карданд, ки Аҳмад Масъуд ва ноиби президенти пешин Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси намояндаи ҳукумати қонунии Афғонистон эътироф кунад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.