Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳукумати аз ҷониби ҳаракати “Толибон” таъсисёфта Абдул Ғанӣ Бародар изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии кишвар дахолат мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
Толибон зикр кардаанд, ки 1000 ҷангиёни неруҳои таъиноти махсусро ба вилояти Тахор дар наздикии марз бо Тоҷикистон фиристодаанд. "Даҳҳо воҳидҳои махсуси Амороти исломӣ ва даҳҳо ҳазор хизматчиёни неруҳои таъиноти махсус дар Тахор ҷойгир карда шуданд", - навиштааст дар Twitter намояндаи ҳаракат Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Ба гуфтаи намояндаи Толибон, ин тадбир баҳри бартараф намудани таҳдидҳои амният рӯйи даст гирифта шудааст.
“Мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ба умури дохилии мо дахолат накунад. Мо мехоҳем бо онҳо муносибатҳои хуб дошта бошем, аммо дахолати як кишвар ба корҳои дохилии ҳамсояаш наметавонад ба манфиати касе хидмат кунад ... Барои ҳар амал аксуламал пайдо мешавад", - гуфтааст муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ дар барномаи шабакаи телевизиони “Ал-Ҷазира”.
Намояндаи ҳаракат изҳор доштааст, ки Афғонистон мехоҳад бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона барқарор кунад, аммо дахолати як тараф ба умури дохилии ҳамсояи худ наметавонад ба таҳкими равобит хизмат кунад.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳукумати нави Афғонистон ба таҳкими муносибатҳо бо Пекин умедвор аст, менависад хабаргузории REGNUM.
“Умедворем, ки Чин ҳамчун ҳамсояи мо ва узви доимии Шӯрои амнияти СММ дар Афғонистони нав нақши мусбат ва муҳим хоҳад бозид”, - гуфтааст Ҳанафӣ.
Ҳанафӣ инчунин аз сармоягузорони саросари ҷаҳон даъват кардааст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои худ дар Афғонистон шурӯъ кунанд ва илова намудааст, ки ҳадафи Толибон бунёди муносибатҳо дар асоси эътимоди мутақобила бо тамоми ҷомеаи байналмилалӣ аст, аз ҷумла бо ИМА.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста