Неруҳои муқовимат дар Афғонистон омодаанд бо намояндагони ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ манъшуда дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) гуфтушунид кунанд ва бовар доранд, ки Тоҷикистон ба як фазои муносиб барои чунин муколама табдил ёфта метавонад. Чунин изҳори назар кардааст ба хабаргузории ТАСС раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, сиёсатмадор ва вакили собиқи порлумони Афғонистон Абдул Латифи Пидром, ки аз неруҳои муқовимати Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад.
"Нерӯҳои муқовимат ҳеҷ гоҳ музокиротро бо Толибон истисно накардаанд ва дар ин росто Тоҷикистон метавонад як платформаи хубе шавад", - изҳор доштааст сиёсатмадор.
Пидром гуфтааст, неруҳои муқовимат аз Тоҷикистон дастгирии сиёсӣ, башардӯстона ва маънавиро интизоранд.
"Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи мардуми Афғонистон қарор дорад. Тоҷикистон дигар дар канор нест. Тоҷикистон бояд дар мадди аввал бошад ва ҳамчун ҳамсояи наздик қарорҳои муҳим қабул кунад. Нақши Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу субот имконпазир аст. Агар Тоҷикистон минбаъд ташаббусро ба даст гирад, метавонад ҳатто ба пешрафтҳои аз ин назаррас даст ёбад", - иброз доштааст Пидром.
Ба гуфтаи ӯ, неруҳои муқовимат ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз доранд, аммо дар акси ҳол низ “даст болои даст нишастанӣ нестанд".
"Мо қарзи ватандӯстонаи худро адо карда истодаем. Дар ниҳояти кор дар мавриди муносибат бо Толибон мардуми афғон бояд як тасмиме бигиранд"”, - таъкид доштааст ӯ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар водии шимоли вилояти Панҷшер, инчунин ноҳияҳои вилояти ҳамсояи Бағлон ҷанги партизании неруҳои муқовимат бо Толибон идома дорад.
Ба иддаои сиёсатмадор, неруҳои муқовимат водиҳои баландкӯҳ ва мавзеъҳои баландкӯҳро дар ду тарафи роҳи асосӣ тавассути дараи Панҷшер зери назорат доранд.
"Роҳи асосӣ дар дасти Толибон аст. Водиҳои кӯҳии ду тараф ва қуллаҳои ин водӣ таҳти назорати неруҳои муқовимат қарор доранд. Дар водиҳои Панҷшер, инчунин дар минтақаҳои Андароб ва Мирболати вилояти Бағлон ҷанги партизанӣ идома дорад”, - гуфтааст Пидром.
Сиёсатмадор зикр кардааст, ки дар бисёре аз музофоти Афғонистон ноҳияҳое ҳастанд, ки зери назорати Толибон қарор надоранд.
“Толибон тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат надоранд", - изҳор намудааст Пидром.
Ӯ илова кардааст, ки ҳадафҳои аслии неруҳои муқовимат мисли пешин боқӣ мемонанд, яъне “даст ёфтан ба таъсиси ҳукумати мустақили миллӣ ва дастрас барои ҳама”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Путин извинился перед Алиевым за «инцидент» с самолетом Azerbaijan Airlines
Долой проверки бизнеса, Рогун достроим, нужны кадры и плохое воспитание детей. Что еще сказал президент в послании?
В Новый год с новыми книгами: 10 современных книг для праздничного настроения
Мировые рейтинги престижных ассоциаций: на каких позициях таджикские боксёры?
Азербайджан изменит правила пребывания для граждан России
В России запретили звонки на мобильные и стационарные телефоны через интернет
Президент России подписал закон, позволяющий исключить «Талибан» из списка террористических организаций
Жгут костры. Несмотря на арест 4 подозреваемых в убийстве, жители Канибадама продолжают дежурить
Президент: Женщины играют ключевую роль в развитии Таджикистана
Боец UFC Муин Гафуров стал новым Бренд Амбассадором 1xBet
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста