Шоҳин Саидзода, мудири Оҷонсии давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳам дар пайи тағйироти кадрии имрӯз аз мақомаш барканор шудааст. Хабари барканории ӯро як манбаъи муътамад аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" таъйид кард.
Манбаъ гуфт, ки фармони барканории ӯро дар Вазорат дар расмии муаррифи вазири нави маориф ва муовинонаш сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қироат кард, ки дар фармон танҳо гуфта мешуд, ки аз сабаби ба кори дигар гузаштан, мақомаш озод карда шавад.
Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид вазири собиқи маорифи Тоҷикистон ва раисии кунунии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аст, ки дар гузашта, дар замонии вазирии падараш исмаш баъди аз сӯйи пойгоҳи "Диссренет" ба асардуздӣ муттаҳам шуданаш, расонаӣ шуда буд.
Соли 2018 пойгоҳи "Диссернет" ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард ва хабарҳо ҳам нашр шуда буд, ки дараҷаи илмии ӯ бекор карда шудааст, вале соли 2019 намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буданд, дараҷаи илмии Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст.
Аммо соли 2019, Саидзода рисолаи номзадиашро аз нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дифоъ кард.
Ҳимояи рисолаи номзадии Шоҳин Саидзода рӯзи 12-уми апрели соли 2019 баргузор шуд. Мавзӯи рисолааш “Такмили қонунгузорӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ” буд.
Саидзодаро яке аз кадрҳои ҷавонтарини ҳукумати феълӣ медонанд, ки ба гуфтаи мунтақиддон бо истифода аз нуфузи падараш ба ин мақом расидааст.
Ӯро ҳамчунин чанд сол пеш пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” ба сирқати илм гунаҳкор карда буд.
Ҳамчунин, дар яке аз ҷаласаи парлумон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни баромад ва посух ба суолҳо аз Шоҳин Саидзода интиқод карда гуфта буд, ки барои шарҳи масъала омодагӣ надидааст ва бояд оянда бо омодагӣ баромад кунад.
Аммо ӯ баъдан дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ба ҷаласаи порлумон бо тайёрӣ омад, аммо "вазъи саломатияш хуб набуд".
Аз ҷумла, Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси намояндагон хитоб ба Шоҳин Саидзода дар ин ҷаласаи порлумон гуфт, ки "ҳукумат ба Шумо бовар кардааст. Вазифаи беҳад калон доред, барои синну солатон беҳад калон аст. Ба дараҷаи даркорӣ тайёрӣ надида омадед. Фарқ надорад, ки бори аввал аст ё дувум, вазифадоред, ки хуб тайёрӣ дида оед."
Шоҳин Саидзода дар нишасти охири матбуотии ниҳоди акнун собиқи зери роҳбариаш, тарки дастаҷамъонаи омӯзгоронро рад карда гуфта буд, ки ҳолати ба муҳоҷирати дастаҷамъона кӯч бастани омӯзгорон ба муҳоҷиртаи меҳнатӣ ҷой надорад.
Шоҳин Саидзодаи 37-сола, моҳи марти соли 2020 раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин шуд. Пештар ин идора хадамоти назорат дар соҳаи маориф ном дошт ва зери итоати Вазорати маориф ва илм буд. Имсол онро ба Оҷонсӣ – идораи мустақил табдил доданд.
Саидзода хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Нацбанк Таджикистана выставил на продажу редкие монеты
Десятки танкеров с российской нефтью встали на якорь после новых санкций США
Академия наук - самый крупный неосуществленный проект советского Душанбе
Узбекистан и ОАЭ перед визитом Мирзиёева подписали 15 инвестиционных соглашений и контрактов
На севере и юге Таджикистана назвали лучшие города
"Я единственный, кто стоял в центре Киева". Байден выступил с последним словом
Reuters: В США подготовили законопроект, позволяющий Трампу купить Гренландию
Посольство РФ предупредило таджикистанцев о мошенниках, торгующих консульскими услугами
Свет в конце туннеля. Станет ли Таджикистан энергонезависимым к 2027 году?
Какой гонорар получил Нурулло Алиев за победу на UFC Vegas 101?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста