Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ (онлайн) 28 феврал баргузор шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд.
Зикр мегардад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Аз дигар ҷузъиёти вохӯрӣ маълумот дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар Twitter навиштааст, дар ин мулоқоти маҷозӣ вазъият дар Украина баррасӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, вохӯрӣ бо мақсади мавриди баррасӣ қарор додани ҳамлаи Русия ба Украина доир гардидааст.
“Мо арзиши шарикии худро дар тӯли 30 соли муносибатҳои дуҷониба ва дастгирии соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ин кишварҳо таъкид кардем”, - зикр кардааст Энтони Блинкен.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
7 причин детской лжи и как с ними бороться
Глава МИД Казахстана: «Таджикистан – наш стратегический партнёр и союзник в Центральной Азии»
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
ОАО «Коммерцбанк Таджикистана» выпустил первые карты VISA Platinum и VISA Gold
Долг ТАЛКО вырос почти на 220 миллионов сомони
Ирина Винер ушла с поста главного тренера сборной РФ по художественной гимнастике
Парламент Армении одобрил начало процесса вступления в ЕС
«Азия-Плюс» начала применять технологии ИИ при создании медиаконтента
Размер утилизационного сбора может быть пересмотрен – Таможенная служба Таджикистана
Как таджикская легенда развивает футбольный клуб из Пенджикента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста