Намояндагони гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки аломатгузории марзи давлатии ду кишвар дар ворхӯрии охири худ хатти лоиҳавии аломатгузории сарҳади ду давлатро омода кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ аз 28 март то 2 апрели соли 2022 дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон баргузор гардида, дар рафти вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодоти мувофиқашуда дар мавриди хатти лоиҳавии аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расидаааст.
Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расида буданд.
Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.
Қаблан як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд. Вале маълум мешавад, ки ин кор тӯл кашид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Почему в Таджикистане так популярны корейские кафе?
Душанбе заводской и фабричный в лицах
Какая молочка практически не производится в Таджикистане?
Пять стран, чьи граждане увеличили поток туристов в Таджикистан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 февраля 2025 года
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста