Президенти Русия Владимир Путин зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандони Русия изҳор дошт, ки дар кишвар қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ эълон мешавад, ки аз 21 сентябр оғоз мегардад. Матни суханронии президент дар сомонаи Кремл нашр шудааст.
Ӯ гуфт, ба хидмати ҳарбӣ шаҳрвандони дар захира қарордошта ва пеш аз ҳама, хидматро дар сафи қувваҳои мусаллаҳ адокарда, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи марбута даъват карда мешаванд.
“Шахсони даъватшуда қабл аз фиристодан ба қисмҳо, бо назардошти таҷрибаи амалиёти махсуси ҳарбӣ, ҳатман аз таълими иловагии ҳарбӣ мегузаранд”, - иброз дошт Владимир Путин.
Сарвари давлати Русия зикр кард, ки шаҳрвандони замони сафарбаркунӣ ба хидмати ҳарбӣ даъватшуда, як мақоми муайянеро соҳиб шуда, ҳамаи пардохтҳои барои хизматитчиёни тибқи қарордод пешбинишуда ба онҳо низ пардохт карда мешавад.
Тавре ки Путин изҳор намуда, амр дар бораи қисман сафарбарсозӣ тадбирҳои иловагиро дар самти фармоиши давлатӣ оид ба мудофи пешбинӣ мекунад.
Ҳамаи масоили марбут ба таъминоти моддӣ, захиравӣ ва молиявии корхонаҳои бахши мудофиа бояд аз ҷониби ҳукумат фавран ҳаллу фасл шаванд.
Путин ба русиягиҳо чӣ гуфт?
Қисман сафарбаркуниии ҳайати захираҳои ҳарбиро президенти Русия "як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар" номид.
“Мақсади кишварҳои Ғарб заъифу аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани мамлакати мост. Онҳо ошкоро мегӯянд, ки дар соли 1991 тавонистанд Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз ҳам пош диҳанд ва ҳоло вақти он расидааст, ки Русия ба бисёр минтақаҳои ҷангзада тақсим шавад. Мардуми Украина ба гӯшти хом табдил дода шудааст. Ҳамлаи бузургмиқёси навбатӣ ба Донбасс, ки қаблан ду бор рух дода буд ва сипас ҳамла ба Қрим ногузир буд. Аз ин рӯ, барои амалиёти пешгирикунанда тасмим гирифтан лозим омад”, - изҳор дошт Путин.
Ӯ зикр кард, ки дар дар амалиёти махсуси ҳарбӣ низомиёни касбӣ, ки тибқи шартнома хидмат доранд, иштирок мекунанд. "Дар сафи онҳо дастаҳои ихтиёрӣ низ меҷанганд: одамони миллату касбу кор ва синнусоли гуногун, ки ватандӯстони ҳақиқӣ ҳастанд. Онҳо бо даъвати қалби худ ба ҳифзи Русия ва Донбасс бархостанд", - гуфт Путин.
“Ҷумҳурии мардумии Луганск аз миллатгароёни нав қариб пурра пок шуд. Задухӯрдҳо дар Ҷумҳурии мардумии Донетск идома доранд. Ин ҷо дар зарфи 8 сол ҳокимияти истилогари Киев хати зиёди истеҳкомҳои дифои дарозмуддат сохт.
Ҳуҷуми сартосарӣ ба онҳо боиси талафоти калон мегардид, аз ин рӯ, қисмҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Донбасс тибқи нақша ва моҳирона бо истифодаи техника амал карда, ҳайати шахсиро эҳтиёт мекунанд ва зина ба зина сарзамини Донетскро озод мекунанд, шаҳру деҳотро аз миллатгроёни нав пок сохта, ба мардуме, ки ҳокимияти Киев онҳоро гаравгон гирифтаву ба сипари зинда табдил дод, ёрӣ мерасонанд”, - зикр кард президенти Русия.