Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Станислав Зас зимни вохӯрии рӯзи 18 октябр дар Душанбе масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, инчунин чолишҳо ва таҳдидҳои кунуниро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон.
“Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофи ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнити СААД-ро баррасӣ карда, дар бораи чолишҳо ва таҳдидҳо ба минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор намуданд”, - зикр мешавад дар хабари Вазорат.
Вохӯрӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки дар Душанбе ҷараён дорад, баргузор шуд.
Конфронси мазкур аз ҷониби Дафтари зиддитеррористии СММ, ҳукумати Тоҷикистон, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо созмон дода шудааст.
Қаблан рӯзи сешанбе Дабири кулли СААД-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчуби СААД, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.
Дар Тоҷикистон аз 17 октябр марҳилаи фаъоли тамринҳои муштарак бо Неруҳои дастҷамъии зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ - “Сарҳад-2022” (Рубеж-2022) оғоз гардид.
Дар тамринҳои амалӣ, ки дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” ҷараён доранд, воҳидҳои низомии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, гуруҳҳои фаврии Ситоди муттаҳида ва Котиботи СААД иштирок мекунанд.
Дар ҷараёни тамрин тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби ВКД ҶТ оид ба нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ворид шудаанд, таҷриба карда мешавад.
Теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар буда, дар рафти он беш аз 300 воҳиди таҷҳизоти низомӣ ва вижа, ҳавопаймо, чархболҳо ва дигар таҷҳизоти низомӣ низ ҷалб мешаванд.