Дар охири соли гузашта Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷумани худро баргузор карда, Саидҷаъфар Усмонзодаро, ки аз соли 2012 раиси ҲДТ буд, бори дигар ба ҳайси роҳбари ҳизб интихоб намуд.
Дар робита ба кори ин анҷуман, фаъолияти кунунии ҳизб, қазияи ба интихоботи президентии соли 2020 роҳ наёфтани С. Усмонзода, андешаҳои ӯ нисбати шаҳрдори Душанбе, кори парлумон ва дигар масоили мубрам, раиси ҲДТ ва вакили парлумонро ба суҳбат даъват намудем.
- Чанде пеш анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) баргузор шуд ва он ҷо аз 10-солагии ҳизб сухан рафт, аммо ҲДТ соли 1990 таъсис ёфтааст. Пас ҲДТ 10-сола шуд ё 32-сола?
- Дуруст, ҳамин гуна як нофаҳмӣ вуҷуд дошт. Дар асл, ҲДТ бори нахуст 10-уми августи соли 1990 ба қайд гирифта шудааст. Аз соли 1990 то соли 2012 дар дохили ҳизб мушкилоту мухолифатҳо ҷой доштанд, кӯҳнапарастӣ дар дохили ҳизб авҷ гирифта буд. Бо назардошти ин, соли 2007 хостем, анҷумани баҳамоӣ ташкил кунем, вале ҷиноҳҳои дар дохили ҳизб пайдошуда ин ташаббусро қабул накарданд ва Вазорати адлия ҳам аз мо ҷонибдорӣ накард.
Соли 2012 бори дигар кӯшиш кардем, ки парокандагиву нофаҳмиҳоро дар сафи ҲДТ барҳам дода, мавқеъ ва ҷойгоҳи ҳизбро мушаххас намоем. Ҳамин тавр, 23-юми декабри соли 2012 анҷумани баҳамоии ҳизбро гузаронидем ва барномаву оинномаи онро нав кардем. Яъне, ҲДТ ҳамон ҳизбест, ки дар соли 1990 ба вуҷуд омада буд, аммо бо барномаву коргузории нав.
- Пас чаро 32-солагӣ неву 10-солагии онро ҷашн гирифтед?
- Дар 30-солагии ҳизб ҳудуди 30 нафар ҷамъ омадем ва баъзе масъалаҳоро дигарбора ба миён гузоштем. Дар минтақаҳо низ аъзоёни фаъоли ҳизб ҷамъ шуданд ва мушкилоту пешниҳодоти худро ба мо расониданд. Фақат мо инро расонаӣ накардем.
- Роҳбар ва аъзоёни пешини ҳизб, ба мисли Ш.Юсуф, М.Искандаров, О.Бобоназарова, А.Сатторзода, Ҷ.Ниёзов миёни ҷомеа шинохта буданд. Чаро ҳоло ғайр аз шумо дигар аъзоёни ҳизб дар ҷомеа фаъол нестанд?
- Бисёре аз аъзоёни фаъоли ҳизб ё пир шуданд ва ё аз олам даргузаштанд. Масалан, Ҳамрохон Сафаров аз олам чашм пӯшиданд. Таваралӣ Зиёзода гуфтанд, ки пир шудам ва қувваи пешинро надорам. Ойниҳол Бобоназарова, Раҷаби Мирзо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, назар ва мавқеи худро мегӯянд.
- Манзури мо чеҳраҳои нав ва аъзои ҷавони ҳизб аст.
- Ҷавонони муваффақ кам нестанд. Аз ҷумла, Диловар Холов, ки дар Маҷлиси намояндагон кор мекунад ва 4 диплом дорад, ё Шаҳбози Аброр, ки дар Шӯрои сиёсии ҳизб фаъолият дорад.
- Онҳо шинохта ва фаъол нестанд, андешаҳои сиёсӣ ва ҳизбии худро ошкоро иброз намедоранд.
- Онҳо фаъоланд ва андешаҳои худро дар робита ба ҳар мавзӯъ иброз медоранд. Пешноҳод ва назару андешаҳои ҷавонон дар ҷамъомадҳои Шӯрои сиёсии ҳизб шунида мешаванд ва баррасӣ мегарданд. Аз номи ҳизб бошад, ҳар аъзои он танҳо дар мувофиқа бо Шӯрои сиёсӣ метавонад сухан гӯяд.
- Ҳоло ҲДТ чанд аъзо дорад ва чанд дарсади он фаъол аст?
- ҲДТ ҳудуди 80 ҳазор аъзо дорад ва беш аз нисфи он фаъоланд. Дархост барои аъзогӣ низ зиёд аст. Мо муроҷиатҳоро месанҷем ва баъдан ба аъзогии ҳизб қабул мекунем, зеро дидем, ки дар баъзе ҳолат бархе аз ном ва аъзогии ҳизб сӯистифода мекунанд. Намехоҳем, ки нафарони зиёд бо андешаи калаванда аъзои ҳизб шаванд, барои ҳамин, аввал ҳар нафари муроҷиаткардаро месанҷем.
- Пас ҷомеаи мо рӯ ба демократия овардааст?
- Ҳоло наметавонем гӯем, ки ҷомеаи мо демократӣ аст. Мутаассифона, чӣ будани демократияро ҷомеаи мо хуб дарк накардааст. Исломгароӣ дар рагу пӯсти мо ҷой гирифтааст ва то ба ҳадди иғроқ (фанатизм) расидааст. Демократия қонуну суд дорад, аммо ҷомеаи мо то ҳол “мошоаллоҳ”-у “иншоаллоҳ” гуфта гаштааст. Дар ҷомеаи мо аз як саҳобаи пайғамбар 30 дақиқа сухан мегӯянду аз Куруши Кабир 3 дақиқа. Барои ҷавонон арзишҳои таърихӣ камаҳмият шудааст ва ин бад аст.
Бо ин ҳол ҳам набояд ноумед шуд, чун мо нав ҷомеаи демократӣ бунёд карда истодаем ва аз насли минбаъда умеди зиёд дорем.
Деморатия ҳамин аст: на бо зӯру на бо зар
- Дар анҷумани ёдшуда гуфтед, ки сабаби дар интихоботи президентии соли 2020 иштирок накарданатон аз имзои худ даст кашидани нафароне буд, ки аввал ба ҷонибдориатон имзо гузошта буданд. Чаро чунин шуд?
- Дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки ба ақидаи худ устувор нестанд ва онро зуд дигар мекунанд. Соли 2020 баъзеи онҳое, ки ба тарафдории ман имзо гузошта буданд, бо ҳар сабаб, шояд ба баъзеашон пул доданд ва баъзеашонро таҳдид карданд, ки аз имзои худ даст кашиданд. Ё кадом як нерӯи дигар буд, ки намехост ман дар интихоботи президентӣ иштирок кунам. Ба ҳар ҳол, он сол имзои лозима ҷамъ нагардид ва ман номзад ба мақоми президентӣ нашудам.
Аслан, демократия ҳамин аст ва ман натавонистам бо зӯрӣ, зорӣ ё зар ин нафаронро ба имзо гузоштан моил кунонам.
- Ба фикри шумо ин кори тарҳрезишуда набуд?
- Не, ягон далел надорем, ки дахолати ин ё он шахс ё ҳизби дигарро собит кунад ва ҳам гуфта наметавонем, ки ин кори тарҳрезишуда буд. Ин рақобати сиёсӣ буд, мо бояд ба ин тан диҳем ва дар оянда фаъолияти худро бо таҷрибаи андӯхта идома диҳем, то бори дигар пешпо нахӯрем.
- Фикр намекунед, ки сабаб изҳороту баёнияҳои тунд ва бозгӯии мушкилоти ҷомеаи аз сӯи худатон бошад?
- Ман на армия дорам ва на чун ҳизби террористиву экстремистӣ фаъолият мекунам, ки ҳукумат аз он тарсад. Ин муборизаи сиёсист ва ҳама ҳолат пеш омаданаш мумкин аст. Аз чунин ҳолатҳо набояд тарсем ва дилхунук шавем. Бояд корамонро дуруст идома диҳем.
Фикр мекунам, ҳамин роҳи дурусти интихобкарда буд, ки ҳизби мо бори дигар ба парлумон роҳ ёфт ва ҳоло хуб фаъолият мекунад. Мо дар ҳама ҷаласаҳои парлумон суханамонро ошкор мегӯем. Бо раиси парлумон ва муовинони ӯ баъзе гуфтумонҳо ба миён меояд, аммо ҳама пешниҳоду шикоятҳои ҳизби мо ба баррасӣ кашида мешавад.
Мо борҳо истеъфои масъулини баландпояро дар парлумон талаб кардем. Аз ҷумла, дар як ҷаласа кори роҳбарияти пешини Бонки миллиро интиқод намуда, истеъфои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, роҳбари онвақтаи ин ниҳодро талаб кардем. Маҳз дар пайи шикояти мо ӯро аз вазифа сабукдӯш карданд.
Ба ин монанд, ҳизби мо аз кори раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар шаҳри Душанбе, вобастаи дизайн ва бинокории пойтахт, дар порлумон интиқод кард ва истеъфои ӯро ҳам талаб намуд. Давоми 10 рӯз, дар пайи талаби мо, ӯро ҳам аз вазифа озод карданд.
Дар ин баробар, мо ҳамеша пешниҳодоти худро ба парлумон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ироа мекунем. Ӯ ба ҳама пешноҳод ва шикоятҳо гӯш медиҳад, масъаларо ҳатман пайгирӣ менамояд ва шабакаҳои иҷтимоиро низ пайгирӣ мекунад.
Даст болои дил монда, холисона мегӯям, ки Рустами Эмомалӣ дар оилаи президент калон шуда бошад ҳам, хеле хоксор ва муаддаб аст. Шахси ҳалим ва хоксор мебошад, суханро намебурад, нигоҳи баланду ҳавобаландона надорад.
Ман дар як сӯҳбат ба Рустами Эмомалӣ гуфтам, ки “ҷаноби раис, мо танқид мекунем ва мушкилотро бозгӯӣ менамоем, нашавад, ки мисли баъзеҳо "инқилоб" қабул кунед...”. Ӯ гуфт, “ҳақ доред, дар асоси факту далел аз ҳар мушкилие бозгӯӣ кунед, ман қабул мекунам”.
“Рустами Эмомалӣ омода аст”
- Воқеан, вақтҳои охир баъзеҳо аз Рустами Эмомалӣ ба сифати президенти ояндаи кишвар ном мегиранд. Шумо чӣ назар доред, дар чунин вазъи сиёсии ноустувор, ки минтақа ва ҷаҳон рӯ ба рӯ шудааст, шаҳрдори Душанбе барои роҳбарии давлатро ба зимма гирифтан омода аст?
- Дилхоҳ президент танҳо нест, дар атрофаш мушовирҳо дорад. Гузашта аз ин, агар Рустами Эмомалӣ президент шавад, тибқи қонун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон самтҳои мушаххаси давлатдориро раҳбарӣ мекунад. Баъд аз ин, сарвазир, ҳукумат ва парлумон амал мекунанд. Яъне, Рустами Эмомалӣ ҳарчанд ҷавон аст, аммо метавонад давлатро идора кунад.
Ӯ дар оилаи президенти кишвар калон шуд ва ҳар рӯз мебинад, ки роҳбари давлат чӣ мегӯяд, чӣ гуна амал мекунад, бо кӣ мулоқот мекунад, чӣ қарор мебарорад. Ҳамаи инро аз наздик дидааст ва камол ёфтааст. Метавонем гӯем, ки Рустами Эмомалӣ 20-соли охир дар “донишгоҳи президентшавӣ” таҳсил кард ва омӯхт. Ман бовар дорам, ки Рустами Эмомалӣ минбаъд низ барои ташаккули шахсияти худ кор мекунад.
- Яъне, фарзанди президент омода аст ва зарфияти президент шуданро дорад?
- Фикр мекунам, ки зарфият ва имконият дорад. Ягон паҳлӯе нест, ки гӯем, имкониятҳояш кам бошад. Ҳамаро дуруст баҳо додан даркор. Мо ҳар он касеро, ки зарфият ва имконияти бештар дорад, эътироф мекунем. Зеро арзишҳои ҲДТ ҳамин аст.
“Касе нест, ки санҷад”
- Дар анҷумани ҲДТ аз кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати рушди иқтисод танқид кардед ва гуфтед, ки кори онҳо дар сатҳи лозима ба роҳ монда нашудааст. Бо чӣ далел чунин меҳисобед?
- Барои он мо Вазораи рушди иқтисодро мавриди танқид қарор додем, ки “индикатор” надорад. Касе нест, ки кори инҳоро санҷад. Аз рӯи маълумоте, ки ин ниҳод додааст, Тоҷикистон дар баробари кишварҳои Аврупо аст. Аммо аслан ин тавр нест, яъне зиёд нишон дода шудааст.
Ширин Амонзода, вазири пешини меҳнат ва муҳоҷиратро барои он танқид намудам, ки ӯ қонуни “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2043”-ро ба парлумон пешниҳод кард. Мо 5-10 соли минбаъдаро дуруст пешбинӣ карда наметавонем, куҷо расад ба 20-сола. Қонун қабул нашуд, чун пешниҳодаш ноҷо буд. Фикр мекунам, ки вазири меҳнат будан душвортар аз муовини сарвазир будан аст.
- Чанд соли ахир дар вазорати меҳнат ва муҳоҷират зан роҳбар мешавад...
- Ман тарафдори он ки дар ин вазорат зан роҳбар бошад, зеро ӯ меҳрубон ва пурраҳм аст, аммо ӯ нафаре бошад, ки соҳаро хуб мефаҳмад. Мо занҳое дорем, ки аз ҷиҳати кору фаъолият аз мардон камӣ надоранд.
Парлумони пӯшида ва ё боз?
- Чандин сол аст, ки дар ҷомеа фаъолияти парлумони кишвар танқид мешавад. Воқеан, оё худи вакилон ҳам аз набзи ҷомеа огаҳанд ва дарк мекунанд, ки аз имкониятҳои худ пурра истифода намебаранд ва дар қабули қарорҳо нақше надоранд?
- Ин ҷо ду факт аст. Якум, амнияти давлат. Дар мисоли парлумони Қирғизистон дидем, ки мардуми ин кишвар омодаи қабули фаъолияти ошкор нест. Зуд ошӯб мекунанд. Чанд президентро аллакай ба суд кашиданд? Ҳамин таҷриба нишон дод, ки фаъолияти ошкорои парлумон самаранок нест.
Дуюм, аксарияти узви парлумонро аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Сиёсати давлатро ин ҳизб муайян мекунад. Кадрҳои асосӣ ҳам аз ин ҳизб намояндагӣ мекунанд. Яъне, сиёсати ҲХДТ ба воситаи кадрҳо ва барномаҳояш раванди давлатдориро муайян мекунад.
- Парлумон чаро бояд ошкор фаъолият накунад, вақте ки онро мардум интихоб кардааст?
- Бояд як нуктаро зикр намоям. Ҳар як лоиҳа аввал ба кумитаҳо ворид мешавад ва аз 2 то 6 моҳ баррасӣ мегардад. Ҳар як вакил масъаларо пайгирӣ мекунад ва хулосаҳояшро пешниҳод менамояд. Баъдан, ҳар як кумита ба саркумита хулосаи худро мерасонад. Пасон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, мушовири бахши ҳуқуқии президент ва дигар масъулини вазоратҳо ҳозир мешаванду дар ин доира баҳс ба миён меояд. Яъне, парлумон хомӯш ва пӯшида нест.
Ман аз фаъолияти ҳама вакилон он қадар розӣ нестам. Вакилони ҲХДТ қариб ҳамаашон як андеша доранд. Бархеи дигар таҳти таъсир қарор гирифтаанд. Ба фикри ман, истеъфои чанд вакили дигарро бояд талаб кард, ки будану набуданашон дар порлумон ҳис намешавад. Ба фикрам, фаъолияти раиси парлумон ҳам хеле мулоҳизакорона аст.
Дар ин баробар, шаҳрвандон зиёд ба парлумон ва вакилон шикоят мекунанд. Аксаран, дастаҷамъона шикоятҳои мардум ба мо мерасанд. Дар як сол беш аз 100 арзу шикоёти шаҳрвандон, ки дар зераш 1000 то 3000 нафар имзо гузоштаанд, дастраси мо мешаванд.
Фарзандони мансабдорон ҳам дар хидмати ҳарбӣ ҳастанд
- Чанде пеш парлумони кишвар ду қонун қабул кард: “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи ватан”. Зарурати қабули қонуни мазкур дар ин шабу рӯз чӣ буд?
- Зарурат ҳамин буд, ки ҷавонон бештар ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ пайваст нашаванд ва ақидаҳои миллиро аз мазҳабӣ боло гузоранд.
Ҳузури ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия маълум кард, ки худшиносӣ ва ҳубби ватан дар замири ҷавонони мо коста шудааст ва ҳоҷати қабули қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” пеш омадааст.
Вобаста ба қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи ватан” ба ин хулоса омадем, ки афсарону сарбозони дар роҳи ҳифзи ватан ҷонбозӣ карда, бояд қадрдонӣ шаванд. Онҳо бояд донанд, ки ҷонашон дар назди давлату миллат азиз аст. Ҷавонон бояд сарбаландона ба хидмати Ватан раванд ва онро ҳифз кунанд, на ин ки гурезанд.
- Ошкор мепурсем, ки оё фарзанди шумо ё раиси пардумону вакилони дигар ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд?
- Бале, писари ман ба хидмати ҳарбӣ рафта буд ва чанде пеш онро адо карда баргашт. Фарзанди Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси парлумон ҳам ба хидмати ҳарбӣ рафтааст. Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода се ҷиянашро ба хидмати ҳарбӣ фиристода буд, ки якеаш чанде пештар баргашта омад.
- Се нақшае, ки соли ҷорӣ мехоҳед амалӣ кунед, кадом аст?
- Якум, мехоҳем чанд чеҳраи шинохтаи ҷомеа, аз ҷумла Ҳоҷимуҳаммад Умаровро ба ҳизб ҷалб кунем ва сафамонро зиёдтар намоем. Дуюм, мехоҳем аз ситонидани аъзоҳаққӣ даст кашем ва сеюм, бинои алоҳидае барои ҲДТ бунёд намоем.
Тренды и инновации, которые изменят будущее. Как прошел хакатон «Цифровое поколение 3.0»
Новый год Таджикистан встретит без снега. Какую погоду ждать?
Таджикский спортсмен Акмал Убайдов признан открытием года в Азии
Бывший президент США Джимми Картер скончался в возрасте 100 лет
Михаил Кавелашвили принял присягу и вступил в должность президента Грузии
Полный текст послания президента Эмомали Рахмона парламенту Таджикистана
Путин подписал закон о запрете брать в школы детей мигрантов без русского языка
В Южной Корее траур: там разбился пассажирский самолет, погибли 179 человек
Крушение самолета Azerbaijan Airlines: Баку требует от Москвы признания вины, наказания виновных и выплаты компенсаций
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста