Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар хадамоти матбуоти президент зикр карданд, ки парвоз ба ИМА рӯзи 20 март ба нақша гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк бо мақсади иштирок дар иҷлосияи Конфронс оид ба масоили оби Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзҳои 22-24 март дар Ню-Йорк доир мегардад, сафар мекунад.
Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Нидерланд созмон дода мешавад. Дар доираи кори конфронс як қатор чорабиниҳои махсуси сатҳи баланд ва дигар чорабиниҳои марбута, ки аз ҷониби давлатҳори узв, сохторҳои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд, баргузор мегардад.
Дар хадамоти матбуот ҳамчунин гуфтанд, ки сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи тадриҷан обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ дар бораи солҳои 2018-2028-ро эълон кардани Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор” қарор қабул кард.
Ҳадаф аз қабули ин қатънома дастгирии рушди устувор ва идоракунии маҷмӯавӣ (комплексӣ)-и захираҳои обӣ унвон мешавад.
Он ҳамчунин ба мусоидат ҷиҳати ҳамкорӣ ва шарикӣ барои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои дар сатҳи байнулмилалӣ мувофиқашуда бо шумули Рӯзнома дар соҳаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 равона гардидааст.
Ҳамчунин моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми худ бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҷонибдории 153 кишвари узви ин созмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард.