Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо муваффақона баргузор намудани раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар табрик кард. Дар ин тағйирот дароз кардани муҳлати ваколатҳои президенти Ӯзбекистон аз 5 то 7 сол пешниҳод шуда буд.
“Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Ӯзбекистонро аз роҳи стратегии Шумо, ки ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ дар кишвар нигаронда шудааст, тасдиқ мекунад”, - омадааст дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, ки хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон нашр кардааст.
Дар фарҷоми барқия президенти Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу кардааст.
Бино ба маълумоти пешакии Комиссияи интихоботи Ӯзбекистон, рӯзи 30 апрел аз ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар зиёда аз 15 млн нафар шаҳрвандон ё худ 90,21%-и овоздиҳандагон ҷонибдорӣ карданд.
Ислоҳот дар Конуститутсия бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифт. Тибқи ин ислоҳот, ба 65%-и моддаҳои Қонуни асосии ин кишвар тағйирот ворид карда мешавад.
Ба Конститутсия 27 моддаи нав илова шуда, шумори онҳо аз 128 то 155 модда расонида мешавад. Шумори меъёрҳо аз 275 то 434 адад зиёд мешавад.
Душанбе: когда появился первый универмаг, автобус и памятник?
Санатории Таджикистана: где отдохнуть и во сколько это обойдется?
Социальное жилье в Таджикистане. Какие изменения есть в законодательстве?
Куда можно сдать отходы на переработку в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 января 2025 года
Женский футбол в Таджикистане ломает стереотипы, но ему очень нужна поддержка
Как США покупали и захватывали земли других стран
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Кремль: Путин открыт к встрече с Трампом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста