Раиси ҷумҳурии Беларус пешниҳод кардааст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳалли низои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даст ба кор шавад.
Александр Лукашенко дар ин бора рӯзи 20-уми июн дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Минск гап зад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласа ҳузур дошт.
Лукашенко дар суханронияш аз низои миёни Арманистон ва Озарбойҷон ва “мушкилот”-и Беларусу Русия низ ёдовар шуд.
Вай афзуд, гилаи Арманистон аз СПАД барои ёрӣ накарданаш дар ҳалли муноқиша бо Озарбойҷон “ҷон” дорад ва Қирғизистон ҳам муддатҳо пеш барои ҳалли низои сарҳадӣ бо Тоҷикистон ба ин созмон муроҷиат кард.
“Агар ин мушкилотро ҳал накунем, ба интиқоди ҳамдигар давом медиҳем. Агар мо барои ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ёрӣ карда тавонем, онҳо аз мо миннатдор мешаванд. Дигар одам нобуд намешавад ва ин ҳукуматҳо аз мо миннатдор хоҳанд буд. Айни ҳамин ҳолат бо Арманистон ҳам ҳаст. Агар мо вокуниш накунем, дӯстону мушовирони ғарбии мо бо ин масъалаҳо машғул мешаванд,” – афзудааст ӯ.
Маълум нест оё вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар посух ба ин чизе гуфтанд ё на, вале дар гузашта Тоҷикистон гуфтааст, буҳрони марзӣ бо Қирғизистон бояд дар сатҳи ҳукуматҳои ду давлат ҳал шавад.
Дар гузашта президенти Русия Владимир Путин ҳам пешниҳоди миёнравиро дар ин музокираҳо кардааст.
Дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду муноқишаи пурхушунат ва пурқурбонӣ рух дод.
Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри онро таъйину нишонагузорӣ карда наметавонанд.
Как объяснить родственникам, что депрессия – это болезнь, и я действительно нуждаюсь в лечении?
В Худжанде перекроют дороги из-за саммита лидеров Кыргызстана, Таджикистана и Узбекистана
В Кыргызстане начали создавать искусственные ледники для полива полей летом
Все помилованные президентом Таджикистана заключенные вышли на свободу
Архитектор Молдавер: «Я очень надеюсь, что Душанбе будет красиво стареть»
Литва, Латвия и Польша решили выйти из Оттавской конвенции о запрете противопехотных мин
Легенда таджикского футбола Мухсин Мухаммадиев перенес инсульт
Таджикистанка стала победительницей конкурса «Науруз Гузэле 2025» в Татарстане
Есть куда расти. Что даст таджикской экономике открытие границы с Кыргызстаном?
Арестованного мэра Стамбула выдвинули кандидатом в президенты Турции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста