Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҳамоиши сеюми байнулмилалии “Як камарбанд - як роҳ”, ки рӯзҳои 17-18 октябр дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин доир мегардад, иштирок намекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Сабаби ба ин ҳамоиш нарафтани сарвари давлатро манбаъ хабар надод, лекин зикр кард, ки рӯзҳои 19-21 октябр сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Ба суол дар бораи Тоҷикистонро намояндагӣ кардани киҳо дар форум, аз хадамоти матбуоти президент дархост намуданд, ки ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат намоем. Аммо ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки ҳам аз Вазорат ва ҳам аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба ин суол посух дарёбад.

Сурат: Global Look Press

Қобили зикр аст, ки форуми сеюми лоиҳаи “Як камарбанд - як роҳ” ба 10-солагии пешниҳоди ташаббус бахшида шуда, таҳти унвони “Сохтмони хушсифати муштараки “Камарбанд ва роҳ” ва талошҳои муштарак барои расидан ба рушд ва шукуфоии умумӣ” баргузор мешавад.

Тавре ки Global Times-и Чин менависад, барои иштирок дар кори ҳамоиш ҳайати беш аз 130 кишвар ва намояндагони 30 созмони байнулмилалӣ даъват шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, инчунин сарвари давлати Италия Ҷорҷа Мелони ба ҳамоиш даъват карда нашудаанд.

Иштироки худро дар кори форум сарони давлатҳои Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев тасдиқ намуда, президенти Русия Владимир Путин низ ба Чин раҳсипор шуд.

Ташаббуси таъсиси долонҳои иқтисодӣ дар доираи “Роҳи Абрешим”-ро роҳбари ҳозираи Чин Си Ҷинпин дар соли аввали сари ҳокимият омаданаш, соли 2013 пешниҳод карда буд. Ӯ пешниҳод намуд, ки роҳҳои савдои хушкигард ва баҳрӣ муттаҳид карда шаванд, то ки интиқоли молу маҳсулот дар саросари ҷаҳон - ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Ховари Миёна ва Аврупо арзону пурсамар шавад. Танҳо дар давоми се сол ба ин ташаббус зиёда аз 150 кишвари сайёра пайвастанд.

Дар тӯли 10 сол ташаббуси “Камарбанд ва роҳ”наздик ба 1 триллион доллар сармояро ҷалб кард, ки ба таҳияи беш аз 3 ҳазор лоиҳаи муштарак ва таъсиси 420 ҳазор ҷойҳои корӣ барои кишварҳои воқеъ дар қад-қади роҳ мусоидат намуд. Дар ҳудуди ин лоиҳаи бузург (мегалоиҳа) захираҳои ғании табиӣ ҷойгир буда, 63% аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад ва миқёси тахминии рушди иқтисодӣ 21 триллион долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.