Нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Бишкек, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, метавон гуфт, роҳи Владимир Путинро ба хориҷи кишвар ҳамвор кард. Маълум шуд, ки Президенти Русия ҳамоно барои рафтан ҳам ҷо дорад ва низ сухани гуфтанӣ. Ин аввалин сафари ӯ пас аз содир кардани ҳукми боздошташ аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ буд.
Воқеан, мавзӯи додгоҳҳои ҷаҳонӣ дар нишасти Бишкек баррасӣ шуд, вале ҳамон тавре Президенти Белорус Александр Лукашенко мегуфт, ҳамкасбонаш моҳияти онҳоро то ҳанӯз нафаҳмидаанд.
- Чӣ даркор ба мо ин судҳои байналмилалӣ?! – гуфт ӯ бо хитоб зимни шарҳи муҳокимаи лоиҳаи изҳорот оид ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ.
Баъдтар маълум шуд, ки ин хитоби Лукашенко сабаби ҷиддӣ доштааст. Зеро сарварони кишварҳои ИДМ ҳангоми баррасии бахши вобаста ба сиёсисозии фаъолияти додгоҳҳои байналмилалӣ назари якхела надоштаанд. Номаълум барои чӣ. Шояд ба худ бовар надоранд, ё баръакс. Аммо Президенти Белорус эҳтимол бо сабабе, ки ин таъсирро дар пӯсти худ эҳсос мекунад, ин гуна мавқеъгириҳоро бисёр эҳсосӣ қабул кард.
“Аз афташ таъсири ин ҳолатро дарк накардаанд. Аммо, агар рӯзе хоҳанд, ки ба кӯдакон кӯмак расонанд, ё аз бомбборону таркишҳо наҷоташон диҳанду барои ин амалҳо ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ афтанд, шояд таъсирашро фаҳманд”, - гуфт ӯ.
"Бишкек зери чатри Кремл рафт"
Зимнан, мавзӯи таъмини амнияти Путин ва ҳамроҳонаш дар Бишкек аз масъалаҳои асосӣ будааст. Қирғизистон, ба назар мерасид, ба сафари мазкур ҷиддӣ ва ба дараҷаи зиёд бо эҳтиёткорӣ омодагӣ дошт. Пешопеши ин нишаст баргузории ҳама гуна тазоҳуроту гирдиҳамоиро дар кӯчаи марказии Бишкек, дар назди бинои парлумон, қасри президент ва биноҳои дигари маъмурӣ мамнӯъ эълон намуданд. Ҳатто мактаббачаҳоро ба таҳсилоти фосилавӣ гузаронида, депутатҳоро низ ба таътил фиристоданд.
Дар назари аввал Путин ҳам гӯё ба нишасти Бишкек бо тайёрии омодагии ҷиддӣ меомад. Интизориҳое ҷо дошт, ки кадом қартаи муҳимро кушоданист. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, албатта дар ин шабу рӯзи гирудорҳои ду сол пеш тасаввурнашаванда, даст задан ба иқдоми ҷиддии дигар мумкин ҳам душвор бошад, ҳам хавфнок. Бе ин ҳам дар Русия ҷанги авҷгирифтаи Фаластину Исроилро ба манфиати худ меҳисобанд. Аммо пешопеши нишасти Бишкек аз ҷониби раҳбари Хадамоти федералии амният (ХФА, ФСБ)-и Русия Александр Бортников изҳороти муҳим пахш шуд: “Ҳадафи афзалиятноки террористон ба даст гирифтани ҳокимият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст!”
Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки аз амният осебпазиранд, созмонҳои байналмилалии террористӣ ният доранд қудратро ба даст гиранд ва ин кишварҳоро ба “хилофати умумиҷаҳонӣ” шомил созанд.
Фарзияи дигари мақомоти Маскав ин аст, ки дар Украина гурӯҳҳои зиддирусӣ аз ҷониби шаҳрвандони Осиёи Миёна ташкил карданианд, то низоъро аз ҷануб, эҳтимолан Афғонистон, ё кишварҳои дигари минтақа сар карда, нерӯи Русияро заиф намоянд.
Номаълум, дар сатҳи раҳбарияти кишварҳо чунин иддаои русҳоро чӣ қадар ҷиддӣ мегиранд, чун солҳои охир ин гуна тахмину таҳдидҳо аз ҷониби масъулини баландпояи Маскав чандин бор садо додаанд. Дар сатҳи расмии мақомоти Душанбе ин мавзӯъ тақрибан баррасӣ намешавад, ё он расонаӣ намегардад. Аммо доираҳои таҳлилӣ ин гуна ҳушдорҳоро як навъ фишори равонӣ ба раҳбарияти кишвар барои таъмини хостаҳои Кремл арзёбӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, як ҷузъи муҳими барномаи Путин дар Бишкек мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид. Гуфта мешуд, масъала он қадар ҷиддӣ будааст, ки президенти рус ин мулоқотро пеш аз оғози нишасти вобаста ба ИДМ ба нақша гирифт. Юрий Ушаков, ёвари президенти рус пешопеши нишастҳо гуфт, масъалаҳои зиёде байни Душанбе ва Кремл ҷамъ шудаанд ва бояд баррасӣ гарданд. Аз гуфтаи ӯ бармеомад, ки масоили муносибатҳои байнидавлатӣ як ҷузъи сӯҳбатҳо мешаванд, вале масоили муҳим ҳамоно амният аст.
“Бетоқатии” президенти рус барои вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон шояд ба мавзӯи дигар ҳам рабт дошт: ҳафтаи гузашта, шабу рӯзи мавлуди Путин сарварони Қазоқистону Ӯзбекистон дар Маскав бо ӯ дидор доштанд ва гуфтугӯҳое сурат гирифту созишномаҳое ҳосил шуд. Бо президенти Қирғизистон бошад як рӯз қабл аз чорабиниҳои асосии Бишкек мулоқот дошт. Матбуот ва таҳлилгарони рус, пас аз мулоқоту созишномаҳо бо Садир Жапаров хулоса карданд: ниҳоят дар Бишкек Кремл иттифоқчии асосии худро ёфт!
Ҳатто “Независимая газета”- як нашрияи муҳими русҳо гузориши худро чунин ном гузошт: “Бишкек зери чатри Русия мегузарад”.
Асли нишасти Бишкек ҳам, мисле, ки ба ҳамин мавзӯъ равона шуда буд: оё кишварҳои Осиёи Миёна пас аз “сафарҳои гурӯҳӣ” ба Чину ИМА ва Олмон мавқеи зиддирусӣ мегиранд?
Ба таври дигар, Путин исбот кардан хост, ки минтақа ҳамоно зери нуфузаш қарор дорад...
Парадокси сафарҳои зиёд
Муносибатҳои Кремл бо Осиёи Миёна, хоса Тоҷикистон дар ҳақиқат, чанд вақти охир парадоксалист ва аз онҳо сатҳи муносибату самимиятро маълум кардан мумкин нест. Дуруст аст, ки агар танҳо аз рӯи сафарҳое, ки мақомдорони тоҷику рус ба Душанбеву Маскав доштанд, хулоса намоем, гӯё дар лексикони сиёсии Тоҷикистон серистеъмолтарин вожа бояд “Русия” бошад. Зимнан, ин ҳама сафарҳои паёпайи мақомоти рус ба Душанбе пас аз “моҳи гарм” –и май иттифоқ афтод, ки дар Русия ҳоли муҳоҷирони тоҷикро бадтар аз ҳар вақти дигар карданд.
Чаро чунин як муомилаҳои аҷиб дар муносибатҳои Кремл ва Қасри Миллат пеш меоянд?
Назарҳое буданд, ки масъала ба ворид нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) рабт мегирад, ё “гапногир” шудани Душанбеву бештар гӯш кардани ҳарфи кишварҳои ғарбӣ. “Масъалаи Чин” ҳам дар миён буд, ки ҳоло ба назар мерасад, робитаҳои сиёсиву иҷтимоиашро на камтар аз молиявӣ карданист. Бунёди як коргоҳи хурди мошинаҳои низомӣ дар шаҳри Турсунзода ва машқҳои ҳарбӣ бо низомиёни ғарбӣ низ аз баҳсҳо дур намонд.
Дар ин миён ду фарзияии ҷиддитарро ҳам таҳлилгарон бо садои пасттар баъзан ишора мекарданд:
- Дар Кремл сахт пофишорӣ доранд, ки назорати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боз ба онҳо дода шавад;
- Фишор ба муҳоҷирон “маслиҳатшуда” буд, то кишвар ва созмонҳои ғарбӣ бовар кунанд, ки равобити Русияву Тоҷикистон на чунон ҳамвор аст, ки онҳо гумон мекунанд. Дар натиҷа, ба Душанбе фишор наоранд.
Дуруст аст, ки фарзияи ахир чандон эътимодбахш нест. Зеро муносибатҳои ваҳшатноки ахир бо муҳоҷирон, ҳатто дӯстдорони Кремлро дар ҳолати ноҳинҷор қарор дод, чӣ расад ба мардуми дигар, ки кайҳо мехоҳанд дар Осиёву Аврупо акнун барои худ бозори кор ёбанд.
Аммо Путин дар мулоқоти ахири худ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек мисле сӯҳбат дошт, ки кадом иттифоқи муҳиме пеш наомадааст: “Аз дидани Шумо шодам. Ҳама тавре пеш рафта истодааст, ки мо ба нақша гирифта будем. Ҳамкорон, ҳукуматҳо кор мекунад, масъалаҳои бехатарӣ ҳал шуда истодаанд”.
Чунин бархӯрдро таҳлилгарони тоҷик ба чанд масъала нисбат медиҳанд.
Сайҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон мегӯяд, шояд дар дохили ҳукумати марказии Русия гурӯҳҳое бошанд, ки ба манфиати кишварҳои ғарбӣ кор мекунанд ва ҳадафи онҳо эҳтимол, бад кардану бад нишон додани Путин ва сиёсати ӯ, ҳатто нисбат ба кишварҳои иттифоқчиву шарикони стратегиаш бошад.
Ба андешаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон моҳияти тамоми муаммову мушкилоти дуҷониба, аз тадриҷану доимӣ ҷонибдор набудани Тоҷикистон дар робита ба мавқеъгириҳои Русия дар низоми муносибатҳои байналмиллалӣ аст. Ҳамчунин, амалисозии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар назардошт бо манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориаш бо кишвару созмонҳои дигар низ метавонад боиси нигаронии шарики стратегӣ гардад.
Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бошад, бовар дорад, ки Русия нисбати Тоҷикистон ягон фишори хос надорад.
“Баръакс, мавқеи Тоҷикистонро дар ҳамаи масоили иқтисодӣ ва амниятӣ дастгирӣ кард. Ҳуқуқи тоҷиконро дар Афғонистон шахсан Путин ҳимоя намуда, онҳоро чун аксарияти этникӣ шинохт. Тоҷикистон бо Русия мушкилоти зиёд надорад,”- мегӯяд Сафаров.
Ӯ илова мекунад, ки Тоҷикистон мустақилияти сиёсию иқтисодии худро ҳифз карда, аъзои ЕАЭС намешавад, зеро таҷрибаи Қирғизистон, Арманистон ва Қазоқистон нишон медиҳад, ки самаранокии ин ташкилот онҳоро қонеъ намекунад.
Ба бовари таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров Русия бо шурӯъи ҷанг бовар дошт, ки “радди маърака” намешавад ва ин кораш ҳадди ақал аз ҷониби “дӯстони ҷониаш” дастгирӣ меёбад.
“Ба хотири расидан ба ин мақсадаш аз сиёсати “ё ба зӯрӣ ё ба зорӣ ё ба зар” истифода карда истодааст. Сафарҳои зиёд нишона аз он буд, ки русҳо, ки дигар дар Ғарб ва кишварҳои мутараққӣ “меҳмони нохонда” шуда буданд, илоҷи дигаре надоштанд ба ҷуз ҳамкорӣ бо кишварҳое, ки ҳоло аз онҳо пурра рӯй нагардонидаанд. Ин ба хотири дар чашми ҷаҳониён нишон додани он, ки Русия танҳо нест ва бе Ғарб ҳам метавонад вуҷуд дошта бошад ва дар ҷаҳон мавқеи хоси худро дорад”, - мегӯяд Қодиров.
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мавзӯи №1?
Бо назардошти ин ҳама таҳлилгарон мегӯянд, ҳоло Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар мушкилтарин марҳила қарор доранд.
Сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ба ин назар аст, ки даъвати зиёди раҳбарони кишварҳои минтақа дар як соли ахир ба кишвару қораҳои мухталиф гувоҳи он аст, ки Осиёи Миёна марҳалаи ҳассосеро паси сар мекунад.
“Ин қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ чӣ мехоҳанд? Ҳама як пешниҳод доранд, ё бо мо бош ё…! Аз фалониҳо рӯ гардон, вагарна…! Пешниҳодҳое, ки қабул ё радди онҳо сарнавишти давлату миллатро муайян месозад”, - мегӯяд Раҳнамо.
Назарҳое ҳам ҳаст, ки зимни бархӯрди абарқудратҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама бештар Тоҷикистон дар ҳолати ночорӣ қарор дорад. Чун, гуфта мешавад, ҳангоми баррасиҳо, аз ҷумла мавзӯи сарҳад бо Афғонистон асосӣ мешавад. Ҳифзи сарҳад бо Афғонистонро, ҳамон гуна, ки медонем, аз соли 2005 ба ин тараф марзбонони тоҷик ба зимма гирифтаанд. Дар натиҷа, тибқи хабарҳо кишварҳои ғарбӣ, хоса ИМА маблағу дастгоҳҳоеро барои сарҳадбонон тақдим мекунанд, то марз тақвият дода шавад.
Коршиносон тахмин мезананд, ки дар шароити феълӣ барои ҳукумати Путин бозгашт ба ин қитъаи марз муҳим шудааст ва аз ҳамин хотир онҳо мехоҳанд сарҳадбонҳои худро бозпас биёранд.
Оё чунин масъала метавонад мавриди баҳс бошад ва агар бошад, роҳбарияти Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад?
“Чунин масъалагузорӣ метавонад дар сӯҳбатҳо ҷо дошта бошад, зеро имрӯз Афғонистон ба лонаи асосии терроризм табдил ёфтааст ва Русия ҳам манфиатҳои худро зери хатар мебинад. Аз ҳамин хотир метавонад масъалаи дубора баргардонидани сарҳадбононашро ба миён гузорад. Мо ҳам, ба ин масъала бояд аз дидгоҳи ояндаи Тоҷикистон назар афканем. Ба фикри мо, дар шароити феълӣ ягона интихоби дуруст барои мо ҳарчи қавитар кардани робита бо ОДКБ ва Русия аст”, - изҳор медорад Усмонзода.
Сайфулло Сафаров мутмаин аст, ки чунин масъалагузорӣ аз ҷониби Кремл пеш наомадааст ва ҳимояи сарҳад аз ҷониби Тоҷикистон барои Русия манфиатноктар аст.
“Зеро касе аз шаҳрвандони Русия ин ҷо кушта намешаванд ва дар Русия ба муқобили ҳукумати марказиашон дар ин бора касе чун солҳои пеш эътироз намекунад. Назорати маводи мухаддир ҳам назар ба солҳои пеш ҳоло беҳтар шудааст. Пас фикр намекунам Русия чунин масъалагузорӣ намояд”, - мегӯяд ӯ.
Шокирҷон Ҳакимов бошад, мегӯяд, истиқлолияти сиёсӣ ва воқеиятҳои ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки афкори ҷамъиятӣ ва манфиатҳои миллию амниятӣ ва муҳимтар аз ҳама, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва адолат бояд муқарраркунандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад, на хоҳишу нози абарқудратҳо!
Дар як киштӣ бо Путин
Ин баҳсу баррасиҳои таҳлилгарони тоҷик дар ҳолест, ки мавзӯи меҳварии сӯҳбати як ба яки Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон номаълум аст. Ин ки вазъият дар Афғонистон муҳокима шудааст, бояд бебаҳс бошад. Инро дар хабарномаҳои расмӣ ҳам таъкид карда буданд. Аммо мавзӯи бозгашти сарҳадбонони рус дар миён буд ё не, ҳамоно номаълум.
Раҳбарони Тоҷикистону Русия пас аз ин сӯҳбати як ба як ба ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои ИДМ рафтанд. Ҷаласае, ки он ҳам дар назар бисёр гарм буд ва бо имзои 17 санад хатм шуд. Нишаст аслан паси дарҳои пӯшида сурат мегирифт. Вале ҷолиб буд, ки баъзе нуктаҳои асосии изҳороти Путин мустақим пайдо мешуд. Ин бори дигар далолат ба он мекард, ки дар ин нишаст ва ин қолаб ҳарфи асосиро кӣ мезанад.
Путин аз ҷумла дар бораи моҳияти ИДМ ва мавқеъгирии Украина, Гурҷистон, ки аз ин созмон берун рафтаанд, муфасссал сӯҳбат намуд. Аммо вақте гап сари Молдова омад, Путин масъалаи асолатро дар миён гузошт:
“Кишваре чун Молдова амалан асолати худро гум мекунад. Элитаи ҳукмрони ин кишвар мегӯянд молдован набуда, аз Руминияанд. Албатта ин ҳаққи онҳост. Гум кардани асолат интихоби раҳбаронашон аст. Онҳо чунин мехоҳанд. Ҳеҷ кас ба ин халал расонида наметавонад, ҷуз халқи Молдова. Албатта, агар дар ин кишвар нафароне бошанд, ки худро молдован ҳисобанд”, - гуфт Президенти Русия.
Воқеан, ҷумлаи ахири Путинро бархе расонаҳо ҳамчун даъват ба шӯриши зидди элитаи ҳукмрони Молдова маънидод карданд.
Пас аз ин президенти Русия мавзӯъи мазкурро ба роҳбарони кишварҳое рабт дод, ки аъзои ИДМ ҳастанду дар нишаст ҳузур надоштанд: “Ин интихоби ҳар кадоми мост. Мо мехоҳем асолати худро ҳифз кунем ё не? Фаъолият дар доираи ИДМ ин имконро фароҳам меорад”.
Ҳозирини нишаст ва таҳлилгарон ҳам фаҳмиданд, ки дар ин маврид гап дар бораи кӣ меравад: Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, ки дар фурсати охир иштирок дар нишаст даст кашид.
Президенти рус ба онҳое, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, низ ишора дошт. Гуфт, ҳамаи онҳо бо ӯ дар як киштӣ қарор доранд: “Мо хеле хуб медонем, ки гуноҳи кӣ дар ин ҷо об мешавад. Мебинем, ки ба ҳамаи мо фишор меоранд, агар метарсонанд гуфтан нахоҳем. Аммо мебинем, ки ҳар қадаре дар шакли дағал ба мо фишор меоранд, ҳамон қадар камтар муваффақ мешаванд...”
Ин гуфтаҳо албатта суроғаи мушаххаси худро доштанд. Ҳам барои онҳое, ки дар он нишаст бо ӯ ҳузур доштанд, ҳам онҳое, ки ӯро аз дур медиданд. Ба ҳар ҳол, Путин аз ҷумлаи сиёсатмадоронест, ки хеле аз сиёсатҳои худро дар заминаи тезисҳои изҳоркардаи на ҳамеша осонфаҳм амалӣ мегардонад. Ин гуфтаҳоро чӣ гуна мефаҳманд, як мавзӯъ. Дуввум ва асоси нишасти Бишкек ин аст, ки роҳи Путин акнун кушода шуд. Акнун ӯро дар нишастҳои калонтар интизоранд. 17 – 18 дар форуми “Як камарбанд – як роҳ” –и Чин иштирок мекунад.
Пас гуфтан мумкин аст, ки роҳи интихобии кишварҳои Осиёи Миёна ҳам акнун як аст?
Ҳоло хулоса кардан душвор...
Моя соседка бьет ребенка. Что я могу сделать?
Традиционная китайская свадьба: как она на самом деле проходит?
Правила жизни Эмомали Рахмона
Премьер-министр Таджикистана заявил о нарушении прав и свобод таджикистанцев в России
Адама Кадырова включили в Книгу рекордов России
Как сделать литературный таджикский язык популярным?
В Узбекистане принят закон «О креативной экономике». Как он поможет креативному бизнесу?
Что пожелали Эмомали Рахмону лидеры Китая и Узбекистана?
Путин анонсировал встречу с Эмомали Рахмоном в Москве
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Первые электроавтобусы, экстремизм через «интернет-имамов» и миллионы для Рогуна
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста