Вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Самара Михаил Матвеев доир ба зарурати ҷорисозии реҷаи раводид бо Тоҷикистон изҳори назар кард. Ба ақидаи сиёсатмадор, пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба таври возеҳ маълум шуд, ки раванди муҳоҷирати берун аз назорати давлат ба чӣ оварда расонида метавонад. Дар ин бора “Коммерсант” хабар медиҳад.
“Дар шароити амалиёти махсуси низомӣ мақомоти Русия набояд ба вуруди унсурҳои номатлуб роҳ диҳанд. Маҳз бо ҳамин сабаб бо Тоҷикистон ва эҳтимолан бо бархе аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кардан лозим аст”, - гуфтааст Матвеев.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тасмим ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ акнун умуман наметавонанд ба Русия оянд.
«Агар гап сари муҳоҷирати корӣ равад, он бояд сахт назорат шавад. Имрӯз ҳама гуна сокини Тоҷикистон метавонад танҳо билети қатора хараду ба Русия ояд. Дар асл, ин на таъмини иқтисод бо қувваи корӣ, балки ташкили гурӯҳҳо (анклавҳо)-и миллӣ ва аз нав тақсим кардани таносуби этно-конфессионалӣ мебошад. Агар вуруди ин гуна муҳоҷирон маҳдуд ва назорати рақамӣ ҷорӣ нашавад, мақомоти пулис ва хадамоти махсус аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд”, - чунин мешуморад вакил.
Дар ҳамин ҳол, ӯ шубҳа мекунад, ки чунин ақидаро аксарияти ҳамкасбонаш қабул дошта бошанд. «Шуури элитаи ҳукмрон аз вируси бисёрфарҳангӣ ва як қолаби муайяне, ки “пас бо сиёсати эҳтироми ҳамаи миллатҳо чӣ мешаваду он пош мехӯрад”, сахт осеб дидааст. Ҳамзамон, айни замон барои ҷорӣ кардани низоми раводид бо баъзе давлатҳо вазъияти муносиб ба вуҷуд омадааст”, - иброз доштааст сиёсатмадор.
Вакили парлумон ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки аз нигоҳи стратегӣ фароҳам овардани шароит барои бозгашти ҳамватанони рус ва кӯчонидани мардуми славянитабор ва дигар халқҳои аврупоӣ хеле беҳтар аст.
“Муҳоҷирати русҳо аз хориҷа дорои захираи бузург буда, муҳим он аст, ки зери мафҳуми «ҳамватан» мардуми бумӣ (таҳҷоӣ)-и Русия дар назар бошанд. Ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ кардан лозим аст, ки бо сабабҳои идеологӣ шаҳрвандони муҳофизакор (консервативӣ)-и кишварҳои ғарб омодаанд, ки ба кишвари мо кӯч банданд. Онҳо мутобиқ шуда, ба қонунҳои Русия арҷ хоҳанд гузошт. Аз таърих ёдовар шудан кифоя аст, ки немисҳо, шведҳо ва дигар халқиятҳои русшуда ба кишвар чӣ гуна нафъ расонданд”, - илова намудааст Михаил Матвеев.