“Аз ҷониби Кабулов носаҳеҳ изҳор шудани мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи фаъолияти Гурӯҳи робитаи “СҲШ-Афғонистон” зикр мекунем, - гуфта мешавад дар посухи Ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар умури Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Аҳмад Саидмуродзода ба саволи “Азия-Плюс” доир ба норозигии Тоҷикистон дар мавриди барқарор шудани кори ин гурӯҳ.
“Дар доираи СҲШ Тоҷикистон мудом зарурати баррасии мушкилоти Афғонистонро таъкид мекунад. Дар робита ба Гурӯҳи робита бошад, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зидди барқарор шудани ин механизм изҳори назар накардааст. Баръакс, аз ҷониби мо ба чунин далел таваҷҷуҳ зҳоир мешавад, ки мақоми нозир дар назди СҲШ ба Афғонистон соли 2012 дода шуда, протоколҳо дар бораи таъсиси Гурӯҳи робита солҳои 2005 ва 2018 аз ҷониби мақомоти ин кишвар ба имзо расиданд”, - гуфта мешавад дар посух.
Дар ин замина, тибқи маълумоти Саидмуродзода, ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Остона, пешниҳод кард, ки дар ин марҳила коршиносон баррасии масъалаи Афғонистонро дар доираи давлатҳои узви ин созмон оғоз кунанд.
«Ҳамчунин, таъкид мекунем, ки ҷаласаҳои мақомот ва механизмҳои ҳамкории СҲШ хусусияти махфӣ доранд, вале ин ба ҷаноби Кабулов монеъ нашуд, ки бо нақзи қоидаҳои тартиботии СҲШ мазмуни онҳоро ба фазои иттилоотии ошкоро барорад. Аз ин рӯ, дар Душанбе ба чунин изҳороти дипломати рус эътибор намедиҳанд», - илова мешавад дар посух.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11 июн зимни мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов изҳор дошт, ки ба ҷуз Тоҷикистон, аксарияти иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ аз барқарор шудани кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон ҷонибдорӣ карданд.
“Русия ва аксарияти иштирокдорони ин чорабинӣ тарафдори аз нав оғоз кардани кори ин гурӯҳи тамос буданд. Шубҳаҳои муайян дар ин бора аз ҷониби шарикони мо аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд, аммо мо умедворем, ки дар ояндаи наздик онҳо низ мавқеи худро сабуктар хоҳанд кард», – гуфт Кабулов.
Як сол пеш раҳбарияти “Толибон” изҳор дошт, ки намояндагони онҳо барои иштирок дар нишастҳои СҲШ ҳаққи қонунӣ доранд.
«Аморати исломии Афғонистон (номи давлатро, ки аз ҷониби толибон истифода мешавад) баргузор намудани чунин вохӯриҳоро барои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақа ва рушди ҳамкорӣ истиқбол мекунад ва иштироки Афғонистон (ки нозир дар созмон мебошад) дар чунин вохӯриҳоро ҳаққи қонунии худ меҳисобад», - зикр гардида буд он замон дар изҳороти толибон.
Ба ақидаи “Толибон”, ҳузур надоштани намояндагони мақомоти Афғонистон дар ҷаласаҳои СҲШ «барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар муқобили хатарҳои соҳаи амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ» монеъа эҷод мекунад.
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста