Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 2-юми июл бо сафари расмӣ ба Точикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба маснади сарвазирии Покистон мебошад.

Гуфта мешавад, ки сафари Шаҳбоз Шариф бо даъвати расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ду рӯз идома меёбад.

Шаҳбоз Шариф дар доираи ин сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Бояд гуфт, ки моҳи марти имсол Шаҳбоз Шариф, намояндаи ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон дар натиҷаи овоздиҳӣ дар Маҷлиси миллӣ бори дигар сарвазири Покистон интихоб шуд.

Ёдовар мешавем, ки бори охир моҳи декабри соли 2022 Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон омада, бо Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд ва як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.