Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд, вале дар он масъалаи барканории раиси ҳизб пешбинӣ нашудааст. Дар ин анҷуман фаъолияти як соли охири ҳизбро ба баррасӣ мекашанд. Дар ин бора Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон соати 11:00-и рӯзи 20-уми июл баргузор мегардад.
Макони баргузории анҷуман толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон интихоб шудааст.
“Дар ин анҷуман ҳисоботи яксола ва панҷсолаи охири ҳизб ба баррасӣ кашида мешавад. Масоили дар порлумон пешниҳодкардаро баррасӣ мекунем. Дархостҳои шаҳрвандон, ки ба ҳизби мо ворид шудааст, баррасӣ мегарданд. Таҳлил мекунем, ки то имрӯз чӣ корҳоро ба самар расонидем. Нақшаҳои ояндаро низ пешбинӣ мекунем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Қурбонзода эҳтимоли барканории раиси ҳизб Рустам Қудратовро дар анҷумани ғайринавбатӣ рад кард ва афзуд, ки дар анҷумани ғайринавбатӣ раиси ҳизб, муовинон ва намояндагони ҳизб дар музофот ширкат меварзанд.
Бори охир анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон як соли пеш баргузор гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2005 таъсис шуда, қариб 20 сол боз фаъолият дорад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда, зикр мегардад, ки ҳудуди 20 ҳазор узв дорад. Ғайр аз ин, яке аз панҷ ҳизбҳои сиёсӣ аст, ки дар Маҷлиси Олӣ ҳам намояндагӣ доранд.
Бояд гуфт, ки баргузории анҷумани ғайринавбатии ҳизбҳои сиёсӣ дар чанд моҳи охир мавзӯи доғи расонаҳои Тоҷикистон гардидааст.
Ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.
Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.
Нарколог: «Не паникуйте, если узнали, что ваш ребёнок употребляет наркотики»
Афиша от «Азия-Плюс»: Астрономический тур, «Игра в кальмара» и дискотека 80-90-х
Таджикистан в 2024 году заметно увеличил выпуск первичного алюминия
В Пуэрто-Рико задержали нелегальных мигрантов. Среди них есть и граждане Таджикистана
ЕС и ВОЗ высоко оценивают прогресс Таджикистана в секторе здравоохранения
Таджикистан сократил выпуск цемента из-за роста его производства в Узбекистане
Как в Таджикистане зарабатывать, помогая?
Талибы закрыли единственную в Афганистане женскую радиостанцию
Таджикские специалисты подготовились к борьбе с нашествием саранчи
«Устод был немного болен». В Национальной академии наук Таджикистана объяснили, почему не отметили 85-летие Акбара Турсона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста