Шурӯъ аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон барои 30 рӯз лағв мешавад. Ҳамакнун, шаҳрвандони ду кишвар метавонанд дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар марҳилаи аввали амалишавии низоми бераводид танҳо нафароне имкони сафар ба ду кишварро доранд, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки ҳайати вазирони Эрон ҳанӯз рӯзи 30-юми июн номаи тасвиби лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ карда буданд. Бар асоси ин номаи тасвиб, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон муваззаф шуда буд, ки муқаррароти лағви раводид миёни ҳукумати Эрон ва ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунад.
Эрон низоми раводидро бо дарназардошти чор шарт лағв карда буд:
- давомнокии будубош: 30 рӯз;
- намуди сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;
- масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;
- шарти амали мутақобила: дар сурати амали мутақобилаи ҳукумати Тоҷикистон.

Таърихчаи лағви низоми раводид
Таърихи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон ба сафари охирини расиҷумҳури марҳуми Эрон Иброҳим Раисӣ ба Душанбе мепайвандад. Моҳи ноябри соли 2023 дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид ба имзо расида буд.
Он вақт гуфта мешуд, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимолан баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад.
Ин санадро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард ва ҷузъиёти онро махзани ягонаи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр намуд.
Дар он ҳадафи лағви раводид рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардумони ду кишвар гуфта шудааст.
Сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони ду кишвар, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид бигиранд.
Ғайр аз ин, яке аз шартҳои асосӣ ин аст, ки шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон бояд на камтар аз 6 моҳ эътибор дошта бошад.
Чаро ва бо кадом мақсадҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон мераванд, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Два взгляда на сериал «Переходный возраст»: что говорят специалисты Центральной Азии о подростках и диалоге
В Тегеране пройдет заседание совместной комиссии Таджикистана и Ирана по торгово-экономическому и культурному сотрудничеству
В Москве ушла из жизни Людмила Шотемур
США пригрозили Китаю пошлинами до 245%
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста