Дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки ҳоло дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев хабар дод.
"Намояндагони Қирғизистон ва Тоҷикистон музокиротро оид ба масъалаи марзи давлатӣ идома медиҳанд. Роҳбарони давлатҳо масъаларо мефаҳманд ва дастур доданд, ки ҳама чиз дар кӯтоҳтарин муддат анҷом дода шавад. Шумо бояд фаҳмед, ки марз масъалаи хеле ҳассос буда, аз ин рӯ ҳоло музокирот фаъолона идома дорад ва мо мавқеъҳои тарафҳоро муқоиса мекунем. Ба фикри ман, дар кӯтоҳтарин муддат - ду-се моҳи оянда мо ин корро анҷом медиҳем", - гуфтааст Кулубаев.
Вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя инчунин илова кардааст, ки масъалаи марбут ба транзити нақлиёт барои сабук кардани гузариши шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон низ баррасӣ мешавад.
Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон аллакай тавсиф шудааст.

“То имрӯз 94 дарсади хатти сарҳад пурра муайян шудааст. Бовар дорем, ки ояндаҳои наздик ҳамааш мусбат ҳал мешавад”, - гуфта буд Аҳмадзода. - Рӯзҳои 21-24-уми июл намояндагони Қирғизистон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҷойҳои баҳсии Чоркӯҳу Ворух боздид карданд, комиссия бисёр фаъол аст, Худо хоҳад, моҳҳои наздик санадҳо ба имзо расонида мешавад. Вохӯрии навбатӣ аз 11 то 17-уми август дар шаҳри Ботканди Қирғизистон баргузор мегардад”.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода дақиқ нагуфта буд, ки 6 дарсади дигари ҳалношуда дар кадом минтақаҳои баҳсӣ аст.
Намояндаи расмии Девони вазирони Қирғизистон оид ба масоили сарҳад Назирбек Борубаев дар мусоҳиба бо "Азаттык" хабар дод, ки 6% боқимондаи минтақаҳое, ки ҳалталабанд, дар "минтақаҳои мураккаб"-и ноҳияи Бодканд ҷойгиранд.
Масофаи умумии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон 972 км аст. Дар мулоқоти соли 2022 сарони кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар бораи 664 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расидаанд.
Бар асари номуайян будани хати марз дар минтақа бо сабабҳои тақсими обу замин ва роҳу чарогоҳҳо мухолифатҳо рӯйи кор меомаданд. Моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дар марзи байни кишварҳо низоъҳои бузургмиқёс рух дода, дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок шудаву осеб диданд.
Пас аз муноқишаҳо сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста шуд. Аз соли 2022 то имрӯз даҳҳо вохӯриҳо дар масъалаи марз миёни ду кишвар баргузор шуд ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам борҳо “Оши оштӣ” ташкил карданд.
Два взгляда на сериал «Переходный возраст»: что говорят специалисты Центральной Азии о подростках и диалоге
В Тегеране пройдет заседание совместной комиссии Таджикистана и Ирана по торгово-экономическому и культурному сотрудничеству
В Москве ушла из жизни Людмила Шотемур
США пригрозили Китаю пошлинами до 245%
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста