Имрӯз, 22-юми август, Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон истиқбол гирифт.
Дар ин бораи хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, президентҳои ду кишвар дар фурудгоҳ суҳбати кутоҳе доштаанд. Зимни он, “изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилии ду кишвар мусоидат хоҳад кард”.
Қаблан зикр гардида буд, ки сафари давлатии Токаев рӯзҳои 22 ва 23-юм дар назар дошта шуда, дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ сурат хоҳад гирифт.
Токаев дар доираи сафари худ ҳамчунин бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, дар доираи сафар бастаи калони ҳуҷҷатҳо барои имзо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии он “Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ” хоҳад буд.
Ҳамчунин, роҳбарони давлатҳо дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
“Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе, инчунин консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд”, - гуфтааст ВКХ Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки бори охир Токаев моҳи сентябри соли гузашта дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон омада буд.
Зимнан, 8-уми августи соли равон президенти Тоҷикистон, барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба Қазоқистон сафар карда буд.
С Днем Конституции, Таджикистан!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 ноября 2024 года
Гостинице «Душанбе» - 60 лет! Как раньше выглядел один из лучших отелей СССР?
Турция простила внешний долг Кыргызстану
От водных городов до динозавров. Топ-5 самых необычных музеев Китая
Что говорит Конституция Таджикистана о правах и свободах человека, о демократии?
В США начались 60-е президентские выборы
Сливочное масло в России подорожало. А, значит, жди подорожания и в Таджикистане
Узбекистанца приговорили к 5 годам тюрьмы за участие в военных действиях в Украине
Военные, флаги и транспаранты. Как в Хатлоне отметили 30-летие Конституции Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста