Президенти Украина Владимир Зеленский изҳор дошт, ки омода аст барои таъмини сулҳ дар кишвар аз мансаби худ истеъфо диҳад. Дар ин бора ӯ рӯзи 23 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар форуми “Украина. Соли 2025” дар Киев изҳори назар кард. Суханони ӯро “Украинская правда” овардааст, ки ба он нашрияи “Медуза” истинод мекунад.
“Ман омодаам аз мақоми худ канор равам, агар ин маънои сулҳ барои Украинаро дошта бошад. Ё ин мансабро ба узвият дар НАТО иваз кунам, ман ният надорам даҳсолаҳо дар сари қудрат бимонам”, — изҳор доштааст Зеленский.
Президенти ИМА Доналд Трамп қаблан моҳи феврал талаб карда буд, ки дар Украина интихоботи нави президентӣ баргузор шавад. Интихоботи президентии Украина мебоист дар моҳи апрели соли 2024 доир мегашт, аммо қонунҳои Украина баргузории маъракаҳои интихоботиро дар замони ҷанг манъ мекунанд.
Тавре ки BBC менависад, дар нишасти матбуотӣ, ки дар остонаи солгарди сеюми оғози ҳамлаи густурдаи Русия баргузор шуд, Зеленский оид ба дурнамои анҷоми ҷанг ва расидан ба сулҳ бо Русия, гуфтушунид бо ИМА, муносибат бо Трамп ва масъалаи интихобот дар Украина суҳбат кард.
Ба гуфтаи Зеленский, созишнома дар бораи дастрасии ИМА ба захираҳои минералӣ (маъданӣ)-и Украина ҳоло дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ӯ зикр кард, ки чанд пешниҳоди қаблӣ, ки ба Киев мувофиқ набуданд, аллакай баррасӣ шудаанд.
Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки қарзи Украина ба ИМА дар ҳаҷми 500 млрд долларро, ки президент Трамп дар бораи он гуфта буд, эътироф намекунад.
Ба гуфтаи Зеленский, Украина барои ҷанг 120 млрд доллар харҷ карда, ИМА 100 млрд доллар, Аврупо ва дигар шарикон боз 100 млрд доллари дигар додаанд.
Ӯ таъкид намуд, ки омода нест эътироф кунад, ки кумаки ИМА ҳамчун қарз дода шудааст.
“Бо тамоми эҳтиром ба ИМА, мо на 500 млрд доллар ва на 100 млрд доллар қарзро эътироф намекунем. Байден ба Украина грант дод, на қарз, - гуфт ӯ. - Дар матни кунунии созишномаи марбут ба захираҳои табиӣ навишта шудааст, ки барои ҳар як доллари ёрии ИМА, Украина бояд ду баробар баргардонад, вале ман уҳдадориҳоеро, ки ба дӯши даҳ насли ояндаи украиниҳо хоҳад афтод, имзо намекунам”.
Ӯ афзуд, ки барои муколама бо Доналд Трамп ва музокирот бо ИМА оид ба шартҳои нав, агар маъмурияти ӯ инро талаб кунад, омода аст.
“Агар имрӯз чунин шарт бошад, ки ИМА — шарики стратегии мо мегӯяд: мо ба шумо кумак мерасонем, вале шумо бояд онро бо фоида ба ИМА баргардонед, пас ин як созишнома аст, на грант”, — изҳор дошт Зеленский.
Ин ҳафта ба ҷанг хотима бахшидан ғайриимкон аст
Зеленский ҳамчунин изҳороти охирини ИМА-ро дар бораи имкони расидан ба созиш оид ба қатъи ҷанг дар ҳамин ҳафта шарҳ дод.
“Дар ҳамин ҳафта бо кафолатҳои лозим барои Украина хотима бахшидан ба ин ҷанг ғайриимкон аст. Намедонам, чӣ гуна бидуни вохӯриҳои мо инро метавон амалӣ кард”, — гуфт президент.
Ӯ таъкид намуд, ки ИМА мехоҳад оташбас эълон шавад ва барои онҳо ин маънои анҷоми ҷангро дорад, аммо барои Украина ин кофӣ нест — ба кишвар кафолатҳо заруранд.
“Ман ҳатто мутмаинам, ки онҳо фикр мекунанд, ки ин воқеан як дастоварди бузург аст, ки Путин дигар ба ҳамла ҷуръат намекунад. Мо бар ин назарем, ки бояд кафолатҳои амниятӣ мавҷуд бошанд”, — гуфт Зеленский.
Ба гуфтаи ӯ, бидуни кафолатҳои амниятӣ номуайянӣ ҳукмфармо шуда, ҳамеша хатари ҳамлаи дубораи Русия боқӣ мемонад.
“Номуайянӣ барои тамоми ҷаҳон бад аст. Ва ҳама аз он зиён мебинанд. Мо зиён мебинем, амрикоиҳо низ, зеро оё метавон худро ғолиб номид, агар ту оташбас эълон кунӣ (ceasefire), вале пас аз як сол ҷанг дубора оғоз шавад? Оё ту ғолиб ҳастӣ? Не. Дар ҳамин ҳол, русҳо омодагӣ мегиранд ва сипас дубора ҳамла мекунанд.
Аз ин рӯ, агар мо дар бораи анҷоми марҳилаи фаъоли ҷанг суҳбат мекунем, бояд дақиқ дарк кунем, ки он чӣ гуна хотима меёбад ва шарикон ба мо чӣ гуна кафолатҳои амниятӣ медиҳанд… Мо ба кафолатҳои амниятии Русия ниёз надорем, ба онҳо бовар надорем. Бигзор шарикон бовар кунанд — ин кори онҳост. Аммо дар интихоби модели кафолатҳои амниятӣ мо набояд ба ваъдаҳои Русия такя кунем. Агар ҳама анҷоми марҳилаи фаъоли ҷангро мехоҳанд, мо кафолатҳои амниятӣ барои украиниҳоро хоҳонем”, — хулоса кардааст Зеленский.
Доир ба муносибатҳо бо ИМА ва Трамп
Зеленский ҳамчунин ба савол дар бораи муносибаташ ба изҳороти ахири Трамп дар ҳаққи худ, аз ҷумла, ба гуфтаи Трамп, ки ӯро «диктатор бидуни интихобот» номид, посух дод.
“Дар ин масъала ҷойи эҳсосот нест, бинобар ин ман ба муносибати худ бо маъмурияти кунунӣ аз дидгоҳи амалгароӣ (прагматикӣ) назар мекунам ва ҳамин тавр идома медиҳем”, — изҳор дошт ӯ.
«Бешубҳа, агар мулоим бигӯем, ман гуфтаҳои президент Трампро дар ҳаққи худ таъриф намешуморам,. Ман инро мефаҳмам, бале. Вале чаро ранҷидан лозим аст? Аз калимаи „диктатор“ касе меранҷад, ки воқеан диктатор аст”, — илова кард Зеленский.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки президенти қонунии интихобшуда аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад ба қудрат часпад.
“Пас аз анҷоми вазъи ҳарбӣ интихобот баргузор мешавад ва мардум интихоби худро мекунанд. Намехоҳам даҳсолаҳо сари қудрат бошам. Аммо ҳамзамон намегузорем, ки Путин бар қаламравҳои Украина ҳукмронӣ кунад”, — гуфт Зеленский.
Ба гуфтаи ӯ, маълумоти бардурӯғ дар бораи он ки рейтинги дастгирии ӯ ҳамагӣ 4% аст, аз ҷониби русҳо паҳн шудааст, дар ҳоле ки рейтинги воқеии ӯ 65% мебошад.
Ӯ илова кард, ки чунин дезинформатсия (хабари бардурӯғ) хатарнок аст ва маҳз аз ҳамин сабаб ӯ ба он вокуниш нишон додааст.
Зеленский бори дигар таъкид кард, ки наметавон дар бораи Украина бидуни ширкати худи Украина қарор қабул кард.
“Вақт мерасад, лаҳзаи муносиб фаро мерасад — мо бо президент Трамп вомехӯрем. Бидуни ин анҷоми ҷанг ғайриимкон аст. Бидуни як тараф, бидуни Украина, бидуни қурбонии ин ҷанг — ҳаллу фасли он номумкин аст, - изҳор дошт ӯ. - Ва агар Амрико — ман ба ин зиёд бовар надорам, аммо ҳар чиз шуданаш мумкин — бо русҳо дар бораи мо бе ширкати мо созиш кунад, пас ин созиш бидуни тасдиқи мо муваффақ нахоҳад шуд”.
Зеленский ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки Трамп пеш аз мулоқот бо Путин бо ӯ дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Дар бораи баргузории интихобот дар Украина
Ба гуфтаи Зеленский, қаблан ин масъала аз ҷониби Русия матраҳ мешуд, аммо акнун чунин эродҳо аз ИМА низ садо медиҳанд.
Зеленский иброз дошт, ки ин як навъ фишор ба Украина аст ва баргузории интихобот ҳоло ғайриимкон мебошад — на танҳо аз он сабаб, ки ин мухолифи қонунҳои Украина аст, балки инчунин бинобар он ки дар чунин шароит таъмини амният номумкин хоҳад буд.
“Одамон дар ҳолати ҷанг чӣ гуна бояд овоз диҳанд? Чӣ гуна сарбозон, ки дар сафи ҷабҳа (фронт) қарор доранд ва наметавонанд ба хона баргарданд, бояд овоз диҳанд? Ман намефаҳмам, ки ин чӣ гуна имконпазир аст”, — изҳор дошт президент.
Ӯ таъкид кард, ки таъмини раванди овоздиҳии низомиён, раъйдиҳӣ дар хатти ҷабҳа ва ҳатто овоздиҳии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ғайриимкон хоҳад буд.
Илова бар ин, хатари ҷиддӣ на танҳо дар минтақаҳои ҷангӣ, балки дар тамоми Украина боқӣ мемонад.
“Имрӯз 267 паҳпод (парандаи ҳидоятпазир аз дур ё худ дрон) ҳамла кард… Тавре ки шарикони амрикоии мо мегӯянд: мо мебинем, ки русҳо анҷоми ҷангро мехоҳанд. Оё шахсе, ки мехоҳад ҷангро хотима диҳад, 267 паҳпод партоб мекунад?” — суол дод Зеленский.
Ӯ ҳамчунин масъалаи ҳузури нозирон дар интихоботро матраҳ кард.
“Нозирон куҷо хоҳанд буд? Онҳо ба хатти ҷабҳа меоянд? Чанд нафари онҳо омаданӣ ҳастанд? Мешавад, ки онҳо ба вилояти Сум, Харков, ба Краматорск, ба Покровск раванд?” — бо оҳанги тааҷҷуб пурсид президент.
Ба гуфтаи ӯ, чунин саволҳо хеле зиёданд, аз ҷумла масъалаи овоздиҳӣ дар қаламравҳои ғасбшуда.
Маҳз аз ҳамин сабаб, ба гуфтаи Зеленский, баргузории интихобот дар ҳолати ҷанг ғайриимкон аст ва агар он ҳоло бекор карда шавад, маълум нест, ки интихобот дар кадом кишвар баргузор хоҳад шуд.
“Агар мо вазъи ҷангиро бекор кунем — ростӣ, бисёре аз одамон ба хона бармегарданд. Аммо онҳо дар кадом кишвар, бо кадом парчам овоз медиҳанд, агар тамоми артиш ё аксарияти он аз мавқеъҳои худ ақиб нишинад?” — хулоса кард Зеленский.
Зеленский боз дар чӣ бора суҳбат кард
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Зеленский инчунин зикр кард, ки байни кафолатҳое, ки ӯ аз шарикон интизор аст, узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо, маблағгузории артиши Украина дар сатҳи на камтар аз 800 ҳазор сарбоз то ба Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) пайвастани Украина.
“Воқеият ин аст, ки ҳоло НАТО вуҷуд надорад, ҳарчанд ин масъала дар рӯи миз ва мавриди баҳс хоҳад буд”, — таъкид кард ӯ.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки барои қатъи ҷанг на танҳо кафолатҳои амниятӣ, балки механизми назорат ва тасдиқи онҳо зарур аст, зеро бо назардошти хатти бузурги ҷанг ва задухӯрдҳои фаъол, риояи ҳар гуна созиши оташбас хеле мушкил хоҳад буд.
Зеленский ҳамчунин зикр кард, ки пас аз анҷоми марҳилаи фаъоли ҷанг, бояд гузариши тадриҷии артиш ба низоми пурра шартномавӣ (қарордодӣ) сурат гирад ва қисме аз низомиёне, ки ҳоло меҷанганд, ба хонаҳояшон баргарданд.
Дар баробари ин, ӯ таъкид кард, ки ин гузариш бояд бо эҳтиёт анҷом дода шавад, то ки қувваҳои мусаллаҳ заъиф нашаванд.
Зеленский изҳор дошт, ки Украина минтақаи вилояти Курскро, ки таҳти назорати Қувваҳои мусаллаҳи кишвараш қарор дорад, бо қаламравҳои ишғолкардаи Русия иваз мекунад.
“Мо танҳо ба қаламравҳои худ, ба заминҳои Украина таваҷҷуҳ дорем. Ва дар ҳар сурат, вилояти Курск метавонад ба мо барои ивази он ба қаламравҳои Украина имкон медиҳад. Ман мутмаинам, ки вақте масъалаи тамомияти арзӣ ва қадамҳои минбаъда матраҳ шавад, ин метавонад ба манфиати мо бошад. Ман ҳеҷ созишномаеро, ки ба зарари Украина бошад, имзо намекунам», — таъкид кард президент.
Трамп комилан мутмаин аст, ки метавонад ҷангро «ин ҳафта» хотима диҳад
Президенти ИМА Доналд Трамп бовар дорад, ки созишномаи байни Русия ва Украина барои ҳалли низоъ метавонад ҳамин ҳафта ба имзо расад. Дар ин бора Каролайн Ливитт, котиби матбуотии Кохи Сафед рӯзи 22 феврал изҳор дошт. Тавре ки Медуза менависад, изҳороти ӯро дафтари матбуоти Кохи Сафед овардааст.
Ба гуфтаи Ливитт, президенти ИМА “бовар дорад, ки Русия барои бастани созишнома омода аст ва ӯ барои анҷоми он мубориза мебарад”. Вай инчунин афзуд, ки мушовири амнияти миллии ИМА Майк Уолтс тамоми рӯзҳои истироҳат барои расидан ба ин созиш кор хоҳад кард, то ба ҷанг дар Украина хотима бахшад.
“Президенти ИМА изҳор дошт, ки мехоҳад кушторҳо қатъ шаванд, одамони бегуноҳ аз ҳалокат наҷот ёбанд ва ӯ сулҳ мехоҳад”, — изҳор дошт Каролайн Ливитт.
Дар посух ба савол дар бораи кай баргузор шудани дидору гуфтушуниди Доналд Трамп бо президенти Русия Владимир Путин Ливитт гуфт, ки ҳоло наметавонад дар ин бора маълумот диҳад.
“Президент ва дастаи ӯ таваҷҷуҳро ҳоло пурра ба идомаи музокирот бо ҳарду ҷониб равона кардаанд, то ба низоъ хотима бахшанд, - иброз дошт котиби матбуотии Кохи Сафед. - Ва президент боварии комил дорад, ки мо метавонем ба ин ҳадаф ҳамин ҳафта бирасем”.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 18 феврал ИМА ва Русия дар шаҳри Ар-Риёз музокирот анҷом доданд, ки дар он масоили муносибатҳои дуҷониба ва омодагӣ ба гуфтушунидҳои сулҳ бо Украина баррасӣ шуданд. Илова бар ин, фиристодаи махсуси Доналд Трамп оид ба Русия ва Украина Кит Келлог рӯзи 19 феврал ба Киев омад ва бо президенти Украина Владимир Зеленский гуфтушунид анҷом дод.
Дар пасманзари ин рӯйдодҳо, Доналд Трамп фаъолона ба интиқоди Зеленский шурӯъ намуд, зеро пештар Зеленский аз имзои созишнома бо ИМА оид ба истифодаи захираҳои табиии Украина худдорӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, дар остонаи сеюмин солгарди ҳамлаи Русия ба Украина, дар саросари ҷаҳон тазоҳуроти зиддиҷангӣ баргузор мешавад.