Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оиларо таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мувофиқи ин тағйирот, пеш аз издивоҷ навхонадорон ба мақомоти САҲШ бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи солимиашон ва мутобиқати хунашон барои таваллуди кӯдакони солимро пешниҳод намоянд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин тағйироту иловаҳо бо супориши президент, ки 6 марти соли гузашта дар вохӯриаш бо занони ҷумҳурӣ садо дода буд, омода шудаанд.
Он замон Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти никоҳ миёни хешовандони наздик ҷалб намуда, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва адлия дастур дода буд, ки ба аҳолӣ оқибатҳои чунин издивоҷҳоро шарҳ диҳанд ва бо мақсади пешгирии издивоҷ миёни хешовандони наздик, барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои дахлдор пешниҳодҳо омода созанд.
Женщины-блогеры Таджикистана: что волнует их аудиторию?
Как сделать свою улыбку "дорогой". Советы от стоматологов ведуших клиник Душанбе
Как отразится политика президента США Дональда Трампа на странах региона
Водно-болотные угодья Таджикистана получают международный статус. Что это значит?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 февраля 2025 года
От "Связи" до "Дусти": Как менялась главная площадь Душанбе?
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста