Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев рӯзи 4 феврал ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масоили марбут ба зарари истемоли тамоку баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, иштирокчиёни ҷаласа қабули чораҳои қонунгузории муборизаи зидди тамоку, маҳдуд кардани истеъмоли тамоку дар ҷомеа, роҳандозии танзими давлатӣ дар бахши фурӯши тамоку, афзоиши ҳаҷми андози аксизӣ ба фурӯши маснӯоти тамоку, манъ кардани фурӯши тамоку ба шаҳрвандони то 18 сола, инчунин фурӯши чаканаи тамоку: дар муассисаҳои таълимӣ, муолиҷавӣ, муассисаҳои маданию тамошо ва тарбиявии кӯдакон; дар муассисаҳои тандурустӣ, санъат, варзиш, биноҳои муассисаҳои давлатӣ, вокзалҳо, фурудгоҳҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ғайраро зарур донистанд.
Зикр гардид, ки барои риоя накардани чунин қоидаҳо шахси тамокукаш ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шавад.
Ғайр аз ин, вакилони мардумӣ пешниҳод карданд, ки рекламаи тамоку манъ карда шавад.
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Кто такая Латифа аш-Шараа — первая леди Сирии?
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Бизнес с женским лицом: как Шахло Ватанова строит текстильный бизнес и вдохновляет женщин
Трамп заявил, что Украина «может не выжить» даже при наличии помощи США
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Молодая жительница Душанбе задержана за вымогательство
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста