Зимни вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо аҳли ҷамоати пойтахт, ки дар он моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид, зикр шуд, ки «такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсия рушди устувору босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд».
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , М. Убайдуллоев зикр кардааст, ки ташаббус ва пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар иртибот ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои рушди ҷомеа аст.
Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.
Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои таблиғи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту идораҳо, субъектҳои хоҷагидор ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии фаъол дар шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида, 22 майи соли равон дар раъйпурсии умумихалқӣ бо баён доштани мавқеи созандаи шаҳрвандӣ ҷонибдориашонро аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода созанд.
Чунин вохӯрии аъзои палатаи болоӣ ва вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат оид ба шарҳи моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 феврали соли равон бо фаъолони чор ноҳияи пойтахт дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон гузаронида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, нақшаи тақвими чорабиниҳои асосии марбут ба омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро 15 феврал аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) тасдиқ намуданд.
Дар ҷаласаи КМИР, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода -раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар доир гардид, таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар барои рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва равандҳои рушди демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати риояи ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои моддаи 17-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди кишварамон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 май таъйин гардидааст, 68 ҳавзаи райъпурсӣ созмон дода мешавад.
Ҳамзамон дар ҷаласа номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар давраи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби комиссияҳои раъйпурсӣ истифода мегарданд, муайян шуданд.
Инчунин бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ -раъйпурсии умумихалқӣ Маркази иттилоотии КМИР ва оид ба ҳалли саривақтии арзу шикоятҳо гурӯҳи кории дахлдори КМИР таъсис дода шуданд.




«Лица года-2025» в Таджикистане: выбор журнала VIPzone
Молдова начала процедуру денонсации соглашений с СНГ и выхода из Содружества
Конфликт в «Парламенте». Прокурора Бустона уволили после стычки с владельцем ресторана
Товарооборот между Китаем и Центральной Азией в 2025 году превысил $100 миллиардов
В Душанбе открылся HikCenter — монобрендовый бутик Hikvision
«Снова и снова решалась на беременность — в итоге похоронила пятерых детей». Трагедии родственных браков в Таджикистане
Доставка товаров из Китая через Jana Post: прозрачно и без переплат
Курс на перестройку и результат: чего ждать от Милана Милановича в «Худжанде»
Таджикистан столкнулся с рекордными температурными аномалиями в 2025 году
В Таджикистане на сотнях гектаров высадили саксаул для защиты от пыльных бурь
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста