Дар доираи сафари кории худ ба Шоҳигарии Таиланд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бангкок дар кори Иҷлосияи  72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид  барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок кард.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , қабл аз оғози кори иҷлосия  мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид  барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором  хонум Ахтар Шамшод баргузор шуд.

Сарвазири мамлакат баргузории ҷаласаи навбатии комиссияро дар шароити басо мураккаби вазъи иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон иқдоми муҳими СММ дар роҳи ҳамоҳангсозии имконоту иқтидорҳои кишварҳои минтақаи  Осиё ва  Уқёнуси Ором ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти рушди иқтисодию иҷтимоӣ арзёбӣ карда, дар ин замина аз тадбирҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди  бемайлони  иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон  ёдовар шуд.

Иҷлосия бо иштироки намояндагони  кишварҳои аъзо дар    Маркази конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд  доир гардида, дар оғози кори он паёми шодбошии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба иштирокдорони он қироат карда шуд. Рӯзномаи кори иҷлосия фарогири се масъалаи муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, илм ва технологияи навин ва маблағгузорӣ барои рушд буд.

Бо назардошти эътирофи саҳми намоёни Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодию иҷтимоии кишварҳои доираи ҳавзаи Уқёнуси Орому  Осиё ва бо изҳори боварию эътимоди комил нисбат ба Сарвари Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ҳайси  раиси иҷлосияи  72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид  барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором интихоб гардида, иҷлосия таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон корашро идома дод.

Зимни сухани ифтитоҳии худ дар ҷаласаи 72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид  барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором раисикунандаи ҷаласа, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз иқдомоти бузурги минтақавии роҳбарияти сатҳи олии  Тоҷикистон дар роҳи татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшидати «CASA-1000», ки дурнамои татбиқи ин тарҳ барои кишварҳои минтақа ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ манфиатбор аст, мисол оварда, аз кишварҳои фарогири доираи минтақа даъват ба амал овард, ки дар оянда дар табиқи дигар лоиҳаҳои хурду бузурги аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ барои минтақа муҳим ва судманд фаъолона иштирок намоянд. Ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои садди роҳи пешрафти иқтисодиётшаванда, аз ҷумла хатари офатҳои табиӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва тӯфонҳои баҳрӣ тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии имконоту иқтидорҳои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳама гуна офатҳои табиӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд. Аз ҷониби раёсати иҷлосия ба саҳми Тоҷикистон ва Сарвари он дар раванди ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии иқдомҳои бузург дар соҳаи об ва таъминоти барқу танзими низоми  энергетикӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар иҷлосия доир ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором ва Осиё дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва молияву сармоягузорӣ мубоҳиса ва табодули афкори судманд сурат гирифта, роҳбарияти комиссия ва намояндагони воломақоми кишвари мизбон оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда бо маърӯзаҳои мукаммал баромад намуданд.  Тавре таъкид гардид, барои беҳтар гардонидани ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзо дар оянда нақша аст, ки кумита оид ба энергетика, форуми мақомоти андоз ва шӯрои муштарак оид ба хаттҳои интиқоли неруи барқ дар назди комиссия таъсис дода шуда, робитаҳо дар ин бахшҳои афзалиятноки кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором тақвият бахшида шаванд.

Кори Иҷлосияи 72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ  барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором 19 -уми майи соли равон анҷом меёбад.