Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб шинос шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , корҳои сохтмон дар ин қитъаи лоиҳа моҳи январи соли 2011 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли равон ба итмом расонида шаванд.
Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ бунёди роҳ мувофиқи нақша ҷараён гирифта, корҳои сохтмони пулҳо ба пуррагӣ анҷом ёфтаанд. Роҳсозон дар ҳамин моҳ дар масофаи 4,5 км қабати аввали роҳро мумфарш карда, дар маҷмӯъ бо маблағи беш аз 5 млн доллар корҳои роҳсозиро ба анҷом расонидаанд.
Хотиррасон мешавад, ки дар сохтмони қитъаи роҳи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб мутахассисон ва роҳсозони Тоҷикистон, Чин, Туркия, Лубнон ва Кувейт дар ҳамбастагӣ фаъолият карда, шумораи умумии коргарони лоиҳа ба 710 нафар мерасад. Аз шумораи умумии коргарон 595 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Дар сохтмони ин қитъаи афзалиятноки роҳ беш аз 250 техникаю таҷҳизоти кории муосир сафарбар карда шудаанд. Масофаи умумии қитъаи роҳ 40 км-ро ташкил дода, он ҳамчунин сохтмони 10 адад купруки андозаҳои гуногундоштаро дар бар мегирад.
Дар ситоди сайёри корӣ, ки дар мавзеи татбиқи лоиҳа таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, корҳои дар моҳи июн анҷомдодаи роҳсозон натиҷагирӣ шуда, нақшаи корӣ ва вазифаҳо барои моҳҳои оянда мушаххас карда шуданд.
Бывший президент США Джимми Картер скончался в возрасте 100 лет
Михаил Кавелашвили принял присягу и вступил в должность президента Грузии
Полный текст послания президента Эмомали Рахмона парламенту Таджикистана
Путин подписал закон о запрете брать в школы детей мигрантов без русского языка
В Южной Корее траур: там разбился пассажирский самолет, погибли 179 человек
Крушение самолета Azerbaijan Airlines: Баку требует от Москвы признания вины, наказания виновных и выплаты компенсаций
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 декабря 2024 года
Любовь, страсть и смерть на сцене таджикского театра
Из Москвы в Сталинабад за 75 часов. История первого экспресса
Люди, которые прославили Таджикистан в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста