Ин маросим дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сурат гирифт.

Вакилон бо навбат ба минбар баромада, бо гузоштани дасти рост ба Конститутсияи ҶТ матни савганди тасдиқшударо хонданд. Аввалин шуда савгандро раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ёд кард.

Дар раъйпурсии санаи 22 май ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон ба мардуми кишвар  ва аъзои ҳукумат ба президент тағйирот ворид гардида буд.

Тартиби савгандёдкунии вакилони палатаи поёнӣ ва болоии парлумон тибқи қонунҳо «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» танзиму муқаррар мешавад.

Тағийрот ба қонунҳои зикршуда ва қонун «Дар бораи ҳукумати ҶТ»-ро ҳукумат охири моҳи июн таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд. Вакилон онро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Мувофиқи қонунгузорӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз интихоб ё таъинот дар ҷаласаҳои палатаҳо ба мардум савганд ёд карда, аъзои ҳукумат баъди таъинот аз ҷониби президент ва тасдиқи фармон, ба содиқ будан ба президент савганд ёд мекунанд ва ин маросим дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумон сурат мегирад.