Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки ба муносибати 10-солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Агентии мазкур дар моҳи январи соли 2007 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахшӣ ва самароварсозии фаъолияти Агентӣ дар самти таъмини шаффофияти раванди идоракунии маблағу воситаҳои давлатӣ ва ошкору пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, қабули ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия, мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва шомилшавӣ ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз тадбирҳои дигару муҳиму саривақтие мебошанд, ки шароит фароҳам оварданд то афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаи байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло бардошта шавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, комиссиариатҳои ҳарбӣ ва бонкдорӣ дар даҳ соли охир изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар маҷлис Директори АгентӣРустами Эмомалӣ оид ба нақшаю барномаҳои минбаъдаи корӣ дар самти пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ сухан гуфта, ба Президенти Тоҷикистон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста дар нисбати кормандони соҳа ва пешбурди сиёсати муваффақи зиддикоррупсионии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.