Писари калонии президент Рустами Эмомалӣ, ки мақомоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистонро ба раҳбарӣ гирифт, ҳадди ақал то охири сол узви палатаи болоии парлумон шуда наметавонад.
Аксари коршиносон бо назардошти дар як вақт узви палатаи болоии парлумон будани раисони вилояту ноҳия ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, интизорӣ доранд, ки Рустами Эмомалӣ низ ояндаи наздик узви Маҷлиси миллӣ интихоб хоҳад шуд.
Аммо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала изҳор намуданд, ки шаҳрвандони синни на камтар аз 30-сола узви палатаи болоии парлумони кишвар интихоб шуда метавонанд.
Хотиррасон шуд, ки тибқи тағйироти воридшуда ба Конститутсия дар маъракаи раъйпурсии умумихалқиии санаи 22 майи соли гузашта, синни узви Маҷлиси миллӣ аз 35 то 30-сола поин бурда шуд, вале раиси нави пойтахт ҳоло 30-сола нест.
Рустами Эмомалӣ санаи 19 декабри соли 1987 таваллуд шуда, мутаноситбан моҳи декабр 30-сола мешавад ва то ин вақт узви палатаи болоии парлумон интихоб шуда наметавонад.
Ёдрас мекунем, ки айни замон узви Маҷлиси миллӣ аз Душанбе ва ҳамзамон раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад, ки шахси дуюми давлат ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 16 феврал даъват шудани иҷлосияи навбатии нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.
Дар иҷлосия ҳисоботи прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон доир ба риояи қонун дар соли 2016 шунида мешавад. Ғайр аз ин, аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои ҳукумат дар бораи табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳамчунин қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшударо низ баррасӣ хоҳанд кард.