Раиси пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии пойтахт Абдулло Холиқов хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 25-и шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 84,81%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Ҳарифони Рустами Эмомалӣ - номзад ба вакилӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов ва аз Ҳизби демократии Тоҷикистон Ҳикматулло Саидиён мутаносибан 7,81% ва 2,65%-и овози интихобкунадагонро касб кардаанд.

Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №62 номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зубайдзода раъйи бештар ба даст оварда, ба номзадҳо аз Ҳизби аграрӣ Манзума Абдуллоева 11,65% ва аз Ҳизби коммунист Васил Файзуллобеков 8,78%-и интихобкунандагон раъй додаанд.

Қаблан ҳавзаҳои зикршударо дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва собиқ роҳбари дастгоҳи шаҳрдории пойтахт Фирӯз Ӯлмасов намояндагӣ мекарданд, ки бо хоҳиши худашон ваколатҳояшонро қатъ карда буданд.

Баъди ин аввали моҳи феврал Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Рустами Эмомалиро ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ карда буд.