Раиси маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар робита ба кори дигар гузаштанаш аз мансаб барканор шуд. Имрӯз раиси нав ба фаъолони шаҳр муаррифӣ шуд.

Абдуалим Исмоилзода, ки қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Шаҳритӯс ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд. Ӯ низ имрӯз аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмҳмадзода ба фаъолони шаҳр муаррифӣ гардид.

Гулмаҳмадзода хабар дод, ки фармон дар бораи аз вазифа озод шудани Амир Асадулло имрӯз аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Ӯ ба Амирулло Асадулло барои кори пурмаҳсул дар вазифаи раиси маркази маъмурии вилоят миннатдорӣ изҳор намуд. Амирулло Асадулло аз 21 феврали соли 2014 дар ин вазифа кор мекард.