Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии пойтахт стипендияи Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, стипендия барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш муқаррар шудааст.
Дар қарор зикр мегардад, ки довталабони стипендияи Раиси пойтахт бояд аъло таҳсил намуда, рафтори намунавӣ дошта бошанд ва дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.
Гуфта мешавад, довталабони стипендияи Раиси пойтахт аз ҷониби раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуда, минбаъд номзадии онҳоро бар асоси озмун Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт баррасӣ ва тасдиқ мекунад.