Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси комиссия оид ба масоили авф дар назди Президенти кишвар фармон ба имзо расонид, ки мақомоти доимо амалкунанда хоҳад буд. Ин фармон ҳанӯз 7 июн ба имзо расида матни он дар сомонаи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ интишор шудааст. Фармон аз 1 сентябри соли 2017 мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи муқаррароти таъсиси комиссияи авф, он мақомоти машваратӣ ва тавсиядиҳанда буда, амалисозии салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили авфро таъмин менамояд.

“Масъалаҳои авфи маҳкумшудагонро аз ҷониби судҳои Тоҷикистон, ҳамчунин судҳои дигар кишварҳо, ки дар Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, Президенти Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди комиссия ҳал мекунад. Президент метавонад масъалаи авфро бевосита низ ҳал намояд”, - қайд мешавад дар замима ба фармон.

Комиссия вазифадор аст, ки дархост оид ба масъалаҳои авфро пешакӣ баррасӣ намуда, дар мавриди он ба Президент пешниҳоду тавсия ироа кунад.

Минбаъд ҳар кадоме аз маҳкумшудагон сарфи назар аз вазнинии ҷинояти содиршуда ва муҳлати таъингардида, ҳуқуқ дорад, ки дар як сол як маротиба ба номи президент дархост барои авфро пешниҳод созад. Дархост тавассути маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо замимаи маълумотнома дар бораи рафтори ӯ, вазъи солимӣ ва вазъи оилавӣ ирсол мегардад.