Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз дар иҷлосияи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доир ба масъалаи табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин изҳори ақида кард.
“Табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар тибқи меъёрҳои қонуни ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 қабулшуда “Дар бораи забони давлатӣ сурат мегиранд”, - иброз дошт раиси палатаи болоии парлумон.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ Муҳммадюсуф Имомзода дар ин робита изҳор дошт, ки ивази номи маҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар онҳо меъёрҳои забони тоҷикӣ ба инобат гирифта нашудааст, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад.
“Бо тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ба номҳои дурусти тоҷикӣ, мо ба решаҳои таърихии худ бармегардем ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт”, - таъкид дошт номбурда.
Бо пешниҳоди ҳукумат имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ деҳаҳои Уртқайнар ва Ғорбулоқи ноҳияи Ёвон ба Зафар ва Ғорчашма табдили ном карданд.