Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки дар фурсати наздиктарин ҳуҷҷатеро таҳия созанд, ки ба қисман ҳал шудани ин мушкилот мусоидат намояд.
«Ҳамарӯза ба мо зиёд муроҷиатҳо мерасад, ки дар он нафақахӯрон кумак мехоҳанд. Бинобар сабаби ночиз будани маблағи нафақа, одамон барои табобати худ имкон надоранд», - гуфт Зуҳуров рӯзи 15 ноябр зимни ҷаласаи навбатии парлумон. - Ин ҳоло хуб аст, ки дар қишлоқҳо мардум волидони худро танҳо намегузоранду як бурда нони ёфтаашонро бо ҳам мебинанд, вале барои нафақахӯрони шаҳр зиндагӣ бо ин воситаҳои кам мушкил аст».
Зуҳуров ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои болоравии ҳаҷми нафақа сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ пайдо кунанд. Ӯ ба таҳия ва ба парлумон пешниҳод кардани ҳуҷҷат доир ба назари Агентӣ оид ба ҳалли ин масъала дастур дод.
«Танҳо ба як воситаҳои фонди нафақа маҳудуд шудан лозим нест. Бояд сарчашмаҳои дигари маблағгузориро дарёфт намуд. Таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхта, роҳу воситаҳои ҳалли ин масъаларо дарёбед. Ҳамааш бояд дақиқкорона ҳисобу китоб шавад, ҳамроҳ рӯи ин масъала кор мекунем. Ба ин кор ҷиддӣ машғул шудан зарур аст. Одамон солҳои зиёд кор карда, умед доштанд, ки дар пиронсолӣ бо нафақаи шоиста таъмин мешаванд, лекин акнун чӣ ҳол доранд?», - изҳор дошт Зуҳуров.
Раиси палатаи поёнии парлумон бар ин назар аст, ки ҳаҷми нафақа бояд аққалан ба ҳаҷми маоши ҳадди ақал мутобиқ бошад. Айни замон ҳаҷми миёнаи нафақа дар Тоҷикистон 280 сомонӣ ва ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат 400 сомониро ташкил медиҳад.
Муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Назокат Одинаева розӣ аст, ки маблағҳои имрӯза пардохтмешуда эҳтиёҷоти нафақахӯронро қонеъ карда наметавонад. Ӯ зикр кард, ки айни замон нафақаҳо танҳо аз ҳисоби воситаҳои Фонди нафақа пардохт карда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, маблағҳоеро, ки ҳамасола аз буҷети давлатӣ ҷудо мешаванд, «бинобар сабаби баъзе монеъаҳо» Агентӣ гирифта наметавонад. Вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён, ки ӯ низ дар ҷаласа ҳузур дошт, сабаби аз дастгирии буҷетӣ (субвенсия)-и пешбинишуда маҳрум гардидани нафақахӯронро шарҳ надод.
Одинаева таъкид дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 660 ҳазор нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд, ки барои пардохти нафақаи онҳо ҳамасола беш аз 2,7 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст.