Раиси ҳукумати Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фармоиши ҳукуматро дар бораи эълони танбеҳ ба Давлатзода Нусратулло, раиси Кумитаи андоз ва Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат ба имзо расонид.
Дафтари матбуоти сарвари давлат, сабаби муҷозоти ин мансабдорони давлатиро ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон унвон мекунад.
Чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ҳукумат нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуд. Зикр гардид, ки «гӯшти мурғи воридмешуда пастсифат буда, баъзан ҳатто барои истеъмол хатарнок аст».
Бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки маъмулан мансабдорони давлатии Тоҷикистонро бидуни ба шаҳрвандон шарҳ додани сабаб аз кор озод мекунанд, ки боиси ҳар гуна овозаҳову хулосабарорӣ мешавад. Ахиран ин нахустин қарорҳои ҳукумат дар бораи аз кор барканор шудани мансабдорони баландпоя аст, ки бо шарҳи сабаби он сурат мегирад.
7 причин детской лжи и как с ними бороться
Глава МИД Казахстана: «Таджикистан – наш стратегический партнёр и союзник в Центральной Азии»
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
ОАО «Коммерцбанк Таджикистана» выпустил первые карты VISA Platinum и VISA Gold
Долг ТАЛКО вырос почти на 220 миллионов сомони
Ирина Винер ушла с поста главного тренера сборной РФ по художественной гимнастике
Парламент Армении одобрил начало процесса вступления в ЕС
«Азия-Плюс» начала применять технологии ИИ при создании медиаконтента
Размер утилизационного сбора может быть пересмотрен – Таможенная служба Таджикистана
Как таджикская легенда развивает футбольный клуб из Пенджикента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста