Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони моратория ба санҷишҳо дар субъектҳои соҳибкорӣ дар бахшҳои истеҳсолӣ ҷонибдорӣ намуд.

«Ҷиҳати бартараф кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолӣ президент ҳанӯз 16 январ чунин фармонро ба имзо расонида буд», - қайд кард зимни суханронӣ раиси Кумитаи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.

Дар ин робита президенти мамлакат дастур дода буд, ки ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Агентии зиддифасод ва Бонки миллӣ,  муддати ду соли оянда ба дигар санҷишҳо моратория эълон карда шавад.

Ҳамралиев таъкид дошт, ки баъди қабули қонун «Дар бораи моратория» дар ҷумҳурӣ рӯйхати махсуси субъектҳои соҳибкорӣ дар бахшҳои истеҳсоли тартиб дода шуда, онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар сурати риоя нашудани меъёрҳои қонуни мазкур ба мақомоти дахлдори ҳукумат муроҷиат кунанд.

Вакилони парлумон ҳамчунин боз як ташаббуси дигари президент дар бораи ворид намудани атғйироту иловаҳо ба Кодекси андоз ва гумрукро низ маъқул шумориданд, ки мутобиқи он, ҶСК «Тоҷик эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати навсозии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон зимни воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси гумруки Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуда, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр) аз пардохти боҷи гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.