Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо назардошти таҷрибаи талхи гузаштаи хеш, истифодаи нерӯи тавонои илмиву эҷодии аҳли зиё ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мувофиқи мақсад аст.

«Вобаста ба ин, зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд», - таъкид дошт президент.

Зимнан зикр шуд, ки дар кишвар зиёда аз 2900 ёдгории таърихиву меъморӣ мавҷуд буда, 695-тои он ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз доранд.

«То имрӯз мо барои таъмиму барқарорсозии ёдгориҳои зикршуда, аз ҷумла қалъаи Ҳисор даҳҳо млн. сомонӣ сарф кардем. Вале натиҷаи корҳо қаноатбахш нест. Масъулон ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намекунанд, чунки завқ надоранд», - қайд кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки  муҳаққиқон доир ба ҷашну маросим ва ойинҳои миллӣ “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон” - ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин аз сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ талаб шуд, ки назорати қатъии риояи муқаррароти қонуни забони давлатиро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла забони китобҳои илмиву таълимӣ ва маводи иттилоотӣ таъмин намоянд.

Сарвари давлат хотиррасон намуд, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҷонибҳо доир ба истифодаи озодона ва рушди забонҳои модарии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва ӯзбекҳо дар Тоҷикистон созиш ҳосил карданд.

«Акнун вазифаи зиёиён аст, ки ин масъалаҳоро тавассути баргузор намудани ҳамоишу конфронс, суҳбату машваратҳои илмиву фарҳангӣ ва омӯзишу таҳқиқи якҷоя баррасӣ намоянд», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.