Семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 7 фоизро ташкил дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин бора зимни маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ муовини якуми сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид маълумот дод.
Рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,1 фоиз, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 12,1 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 5,1 фоиз, гардиши савдои чакана 5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,2 фоиз таъмин гардидааст.
Даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2018 дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷа ҳамагӣ 3,3 миллиард сомонӣ ворид гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дар семоҳаи якуми соли 2018 захираҳо ва имкониятҳои ҷойдошта пурра истифода нашуданд, ки дар маҷмуъ барои рушди устувори суръати маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ монеа эҷод кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти пешгирии таъсири хавфи эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ ва таъмини рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.
Дар кори маҷлис Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин мушаххас кардани тартиби нави пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, тартиби оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ аст. Ҳамчунин дар лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои хусусияти имлоӣ ва техникидошта пешбинӣ гардидааст.
Сипас оид ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзод ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.
Баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, аз ҷумла: Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кооператсияи матлубот”.
Ҳамчунин дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 муҳокима гардида, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрон - маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳракҳо таҳия шудааст, ҳисоботи раисони ноҳияҳо ва Дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 гузориши шахсони масъул шунида шуд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, вусъати корҳои профилактикӣ дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳии ҷомеа аз оқибатҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванд барои солимии худ, гузориш дод.
Доир ба вазъи боду ҳавои кишвар ва таъсири он ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ гузориши муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки камобию бебориш шудани рӯзҳои охир ба нашъунамои зироатҳо ва растаниҳои худруй таъсири манфӣ расонд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуби ташкилӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба таври кофӣ захира кардани хуроки чорво ба хотири аз зимистон беталаф баровардани чорво дастур доданд, ки аз ҳозир тамоми роҳу воситаҳоро истифода баранд. Инчунин супоришҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ, васеъ кардани майдони кишти зироатҳои гуногун аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ, мусоидат дар рушду пешрафти минтақаҳо, бахусус дар деҳоти кишвар, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили мактабу марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, сохтмони ҳаммомҳо дар шаҳраку деҳаҳо, ҳамчунин таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.
Топ-5 советов, как быстро обучить ребёнка иностранному языку
«Работы нет, пенсии на жизнь не хватает». Какие трудности испытывают незрячие в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 ноября 2024 года
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
XVI сессия Верховного Совета: первые непростые шаги Таджикистана к независимости
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста