Рӯзи 27 июн бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом варзишгоҳи нав бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад.

Дар ин варзишгоҳ ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдат ва ризоияти миллӣ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Чорабиниҳо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, аҳли ҷомеаи кишвар ва намояндагони диаспораҳои тоҷикони муқими кишварҳои хориҷи дур ва наздик доир мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи ҳузур дар Конибодом бо иштироки Президенти Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноту иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр вохӯрда, бо кори кишоварзону саноатчиёни шаҳр шинос мешавад.

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои идона доир мегарданд.

Дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллии соли гузашта бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат варзишгоҳи нав бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавиди баҳрбардорӣ қарор гирифт. Ба сохтмони ин варзишгоҳ аз буҷети шаҳри Ваҳдат 47 млн. сомонӣ ва аз воситаҳои ҷумҳуриявӣ - 20 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.

Санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон замон ин сана ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27 июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.