Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хадамоти дахлдори пойтахт дастур дод, ки барои пардохти қарзҳо аз истифодаи нерӯи барқ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар машварати рӯзи 24 июл ба раиси пойтахт иттилоъ дода шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои шаҳр аз истифодаи нерӯи барқ ба 21 млн. сомонӣ расидааст.
Ҳамчунин ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи сипаригардида истеҳсоли энергияи барқ 587 миллион киловат-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 фоиз зиёд буда, маблағи умумии энергияи барқи истифодашуда 287 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ҷамъоварии он ба 266 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Гуфта мешавад, дар ин робита дар самти коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ, раиси шаҳр дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳо андешида шаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.